Хабарҳо Табрикоти директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бо admin Охирин навсозӣ Nov 15, 2021 0 Омӯзгорон, донишҷӯён, ҳамкасбон ва дӯстони гиромиқадр! Аз самими қалб ҳамагии шуморо бо иди умумихалқӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям. Пешвои муаззами миллати мо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории тоҷикон ҳамчун шахсе, ки номаш бо тамоми дастовардҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр алоқаманд аст, ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи миқёси ҷаҳонӣ, ки тамоми фаъолияташон намунаи ибрати хидмат ба халқу Ватан аст, ба таърих абадӣ дохил шуд. Дар тӯли 30 сол Тоҷикистон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии худ ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ мувофиқат мекунад. Бо комёбиҳои худ, дигаргуниҳои амиқ дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, кишвари мо сазовори эътирофи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, дар он мавқеи сазоворро ишғол намуд. Тамоми ин дастовардҳо бо шарофати заҳмати шабонарӯзии Президенти каишварамон ба даст омадааст ва табиист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон барои қадрдонии меҳнатҳои шоистаи ин шахси абармард, санаи 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд. Таҷлили чунин санаи фархунда ифодаи эҳтиром ба Сарвари давлат барои хизматҳояш дар назди халқу кишвари тоҷик аст. Дар натиҷаи тадбирҳои пайваста ва мунтазами Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон босуръат рушд карда, навсозии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ амалӣ мегардад. Сарфи назар аз бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонии давомдор, хароҷоти давлат ба бахши иҷтимоӣ кам нагашта, балки баръакс меафзояд. Барномаҳои гуногуни давлатӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат тасдиқ шудаанд, бомуваффақият амалӣ мегарданд. Президенти кишвар ҳамеша таъқид мекунанд, ки барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ арзиши олӣ, саломатии ӯст. Ҷори намудани навоварӣ, технологияҳои пешқадам дар соҳаи тандурустӣ, ба истифода додани марказҳои муосири тиббӣ ва дармонгоҳҳо, ки ёрии аввалияи тиббӣ мерасонанд, ҳамчунин кушодани муассисаҳои таълимии тиббӣ ва азнавсозии муассисаҳои ҷойдошта бо шарофати дастгирии Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегиранд. Ҳамаи ин тадбирҳо барои беҳтар шудани сифати расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд. Мо – тоҷикону тоҷикистониён, аз комёбиҳои мамлакатамон ифтихор дорем. Рӯзи Президентро таҷлил намуда, мо ба Пешвои худ, хизматҳои таърихии ӯ дар ташаккул ва рушди давлат эҳтиром мегузорем. Аз фурсати муносиб истифода бурда раёсати МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни муассиса Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварро бо фарорасии ин ид табрик гуфта, барояшон саломатӣ, умри дароз ва дар тамоми амалҳояшон, ки бешубҳа ба нафъи ҷумҳурии мо равона шудаанд – барору комёбиҳо таманно дорем. АШУРИЁН Шаҳло Сайфуллозода Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан