Донишҷӯёни ихтисоси «Офиятбахшии тиббӣ – иҷтимоӣ»-и муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумхуриявӣ” тасмим гирифтанд, ки бахшида ба “Рӯзи байналмилалии одамони имконияташон маҳдуд” як барномаи таълимиро пешкаши онҳо гардонданд. Аввалан донишҷӯён ҳамагонро бо шахсоне, ки имконияташон маҳдуд аст ва на танҳо дар зиндагӣ танқисӣ мекашанд, балки дар давоми зиндагии худ машҳур шудаанд, шинос карданд. Ин маъюбони машҳури ҷаҳон Мигел Сервантес – нависандаи Испанӣ, муаллифи асари бузурги адабиёти чахонӣ «Дон Кихот», ки аз дасти чапаш маҳрум буд. Франклин Делано Рузвелт – 32-юмин президенти Амрико, ки баъди бемории вазнини фалаҷ ба аробачаи маъюбӣ мӯҳтоҷ шуда буд. Людвиг Ван Бетховен – оҳангсози немис, аз сабаби илтиҳоби шадиди гуши дарунӣ тамоман шунавоияшро гум кард. Оскар Писториус – маъюби модарзод, аз зону поён пой надошт ва ӯ тавонист, ки ба варзиши сабук машғул шуда, ба комёбиҳои зиёд ноил гардад. Ванга – яке аз одамони бузурги нобинои пешгуикунанда дар синни 12-солагӣ, дар натиҷаи туфон биноиши худро гум карда буд. Стивен Вильям Хокинг – дар синни 20-солагӣ тамоман фалаҷ гашт ва танҳо бо ангуштони дасти росташ ҳаракат мекард. Ӯ ҷоизадори нобелӣ ва боз 12 дараҷаҳои олимиро сазовор аст. Алексей Маресьев – лётчик, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, аз ду пояш маҳрум гаштааст. Ник Вуйчич – аз рузи таваллуд ба маъюбӣ – набудани дасту пой гирифтор буд. Аммо тавонист роҳгардӣ, шиноварӣ, скейтсаворӣ ва навиштанро ёд гирад.
Аз тарафи донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавони кафедра маълумот дар бораи бемориҳое, ки ба маъюбӣ оварда мерасонад, гуфта гузашта шуд.
Яке аз омӯзгорони ҷавони кафедраи “Тавонбахшии тиббӣ-офиятӣ бо курси тибби Шарқ” Мирзоев Исфандиёр дар бораи синдроми Даун маълумот дод.
Донишҷӯёни курси якуми ихтисоси “Кори тибби офиятӣ” дар бораи проблемае, ки дар тамоми дунё сол аз сол актуалӣ шуда истодааст, сухан карданд. Қайд карда шуд, ки Созмони миллали муттаҳид ин проблемаро – проблемаи ҷаҳонӣ ҳисоб мекунад. Барои чӣ ба хулосае омаданд, ки оиди аутизм маълумотро паҳн кунанд ва ҳамаро огоҳӣ кунанд? Барои он, ки бисёрӣ дар бораи аутизм чизеро намедонанд. Аз ин лиҳоз, донишҷӯён дар бораи ин ҳолат маълумот пешкаш карданд.
Маълумот оид ба “Фалаҷи кудаконаи майнаи сар” аз тарафи омӯзгори ҷавони кафедра Абдураҳимова Некбахт ва боз як маъруза аз тарафи омӯзгор Қурбонова Дилбар оид ба бемории “Полиомиелит” пешкаши ҳамагон гардид.
Имрӯз мехостем ба он нафароне, ки маъюб ҳастанд новобаста аз ҳолаташон дар наздашон мақсад гузошта ба он муваффақ шаванд ва ба комёбиҳо расанд! Ба шумоён барори кор, эҳтиром ва ёрӣ аз тарафи атрофиён хоҳонем! Мо – бо шумо ҳастем! Ба шумоён тансиҳатӣ, қувваи ҳаётӣ, барои корҳоятон комёбиҳо мехоҳем! Бигзор ҳамаи шумоёнро наздикон, дӯстон иҳота кунанд!