Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Санаи 24-уми ноябр дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон ҲХДТ дар ноҳияи Сино – и ш. Душанбе ҳамоиши сиёсӣ ва фарҳангӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолии кишвар» баргузор гардид, ки дар ҳамоиши идона Мирзозода И.Х. – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Бобобекова Меҳринисо. –шоира, роҳбари Созмони ҷамъиятии байналмилалии “Хубони порсигӯ”, Муминзода Ҷ.С. – муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” иштирок ва маърӯза намуданд.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз намуда, дар бораи мақому манзалат, эҳтирому қадршиносии Парчами миллӣ сухан ронд.

Баъди садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Иброҳим Холмурод- Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба сухан баромада, дар бораи таърихи тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти он ва мақсад аз таҷлил гардидани Рӯзи Парчам андешаҳояшро баён намуд:

– Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст ва ҳар сол Рӯзи Парчам 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад.

Мақсад аз таҷлили Рӯзи Парчам, пеш аз ҳама, мусоидат дар таҳкими шуури сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон, бозшиносии ин рамзу нишони ҳастии давлат ва миллат дар миқёси кишварҳои ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки Парчам дар қатори Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллӣ, Нишон аз рукнҳои аслии шинохт ва муаррифии давлат ба шумор меравад. Давлат бе Парчам ҳастии сиёсии худро муқаррар ва мушаххас карда наметавонад. Аз ин рӯ, дар тамоми ҷаҳон барои нишон додани симои сиёсии давлат аз Парчам истифода мешавад ва ин маънои онро дорад, ки парчам муайянкунандаи мақом, симо ва ҳастии сиёсии давлат аст.

Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Дар суханронии худ шоираи ширинкалом Меҳриниссо аз саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулу таҳаввулоти таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷикон ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон ёдоварӣ намуд:

– Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо- Тоҷикистон натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосеро сазовор гардидааст ва Парчами он ҳамчун рамзи соҳибистқлолияш имрӯз дар муътабартарин минбарҳои созмонҳои ҷаҳонӣ партавафшонӣ менамояд.

Сипас, шоираи ширинкалом аз абёти тозаэҷоди худ дар васфи Тоҷикистони азиз парчами миллӣ ва сулҳу суботи кишвар чанд шеър қироат кард.

Ҷумахон Муминзода, муовини директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» оид ба корҳои илмӣ – методӣ, иноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ зимни баромади хеш қайд намуд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди миллӣ ба худшиносӣ, боло рафтани ҳисси ифтихори милливу ватандории насли ҷавон мусоидат менамояд.

– Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад,- изҳор дошт номбурда.

Меҳмонони дигари ҳамоиш низ зимни суханронии хеш аз меҳру садоқати сокинони кишвар ба Парчами давлатии кишвар ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ сухан ронда, таманно намуданд, ки Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ва ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчами дар ҷаҳон беназир парафшон гашт, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии парчам 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид карда шудааст. Майдоне, ки он ҷо Парчами бузургтарини Тоҷикистон ҷойгир аст, “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шудааст.

Маркази матбуоти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.