Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ – РИСОЛАТИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитиа иҷроияи шаҳрии ҳизб ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо мақсади сазовор таҷлил намудани 27 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз дар толори “Кохи Наврӯз” чорабинии сисёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол – рисолати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода И.Х., вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода С.С., собиқадорони ҳизбу меҳнат – Қурбонова Р.А., Мусоева Р.Ғ., Сафаров С., Раҳмонова А. Мирзоева Ҳ. ва дигар собиқадорони ҳизбу меҳнат иштирок намуданд.

Чорабинии сиёсӣ – фарҳангиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Файзуллозода З.Ф. бо сухани табрикотӣ оғоз бахшида, сипас Мирзозода И.Х. иштирокчиёнро ба муносибати “Рӯзи таъсисёии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” муборакбод намуданд.

Дар чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ инчунин аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Маврид ба таваҷҷуҳи хос аст, ки ғолибони даври ноҳиявии фестивал-озмуни “Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ”, “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”, “Беҳтарин таблиғотчӣ”, “Вакили беҳтарин” ва “Беҳтарин корманд” дар чорабинӣ қадрдонӣ гардида, ба собиқадорони ҳизбу меҳнат ва санъаткорон дар вазияти тантанавӣ Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе супорида шуд.

Дар фарҷом аз ҷониби сарояндагону санъаткорони маъруфи кишвар барномаи рангини рақсӣ-консертӣ пешкаши иштирокчиён гардид.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.