Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАШНИ ЗОДРӮЗИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ – МӮҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МУБОРАК БОД!

Мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ!
Табрикоти самимии  раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”-ро ба муносибати Рӯзи Зодрӯзатон қабул намоед. Ба Шумо саломатии бардавом, умри дароз, шукуфоӣ ва муваффақият дар ҳама корҳоятон орзумандем.

Шумо бо мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, самаранокии аҷиб дар фаолияти худ эҳтироми атрофиёнро пайдо кардаед. Тамоми комплекси масъалаҳои иҷтимоию иқтисодие, ки барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии Шаҳр ва ҷумҳур равона шудаанд, таҳти назорати доимии Шумост, роҳҳои оптималии ҳалли онҳо ба амал бароварда мешаванд.

Масъулият ва ғайрати Шумо, қобилияти ояндабинӣ ва қабул кардани қарорҳои дурандешона сазовори баҳои баланд ва эҳтиром аст.

Иҷозат диҳед дар ин рӯзи пуршараф ба Шумо аз сидқи дил бахту саодат ва иҷрои муваффақиятноки нақшаҳоятонро орзу намоям! Бигзор дар паҳлӯятон ҳамеша дӯстону ҳамфикронатон бошанд ва муҳаббату ғамхории наздикон Шуморо иҳота кунанд.

Бо камоли эҳтиром
Раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ
“Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.