Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 21-уми декабри соли ҷорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, ки аз рафти он аҳолии кишвар тавассути пахши мустаъқим дар ахбори омма, телевизион ва шабакаҳои интернетӣ бархурдор гаштанд.

Раёсати муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” барои ба гӯши шунавандагон расонидани Паёми Пешвои муаззами миллат рузе қабл тамоми чораҳои заруриро андешида буд, аз ҷумла 24 толорҳои лексионӣ, 6 толорҳои фарҳангӣ ва иттилоотӣ, 37 синфхонаҳо ва утоқҳои корӣ дар 3 бинои таълимӣ, хобгоҳ ва кафедраҳои заминавӣ бо ғунҷоиши 3600 нафар шунаванда, бо техникаи зарурӣ муҷаҳҳазонида шуд. Раёсат, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассиса аз оғоз то анҷом Паёми Президенти кишварро бо як диққат ва шавқи хос тамошо намуданд.

Ҳамасола Паёми Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси олии кишвар ироа мешавад, ки дар он Президенти кишвар тамоми дастоварду комёбиҳои соли сипаригаштаро ба ёд оварда дурнамои рушди кишварро дар соли оянда пешниҳод менамоянд. Мардуми кишвар, хосатан омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, ҳамасола мунтазири Паёми Пешвои муаззами миллат мебошанд, зеро Паём тамоми ҷанбаҳои ҳаётии кишвар, аз ҷумла ҷанбаи иҷтимоию иқтисодиро фаро мегирад. Аз ҷумлаи хушхабари ин Паём он буд, ки тибқи дастури Пешвои миллат аз аввали июни соли 2022 маоши омӯзгорон ва стипендияи донишҷӯён бист дар сад боло бардошта шавад. Аз шунидани ин хабар шунавандагон ба ваҷд омада, хело хушҳол шуданд.

Дар анҷом мо аз шунавандагон пурсон шудем, ки ин Паём барои онҳо чи навигарӣ овард. Ҳар як шунаванда ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки шукргузор аз он ҳастанд, ки дар чунин ватани орому осоишта умр ба сар мебаранд ва сарварии ин ватан ба ихтиёри чунин шахси абармард гузошта шудааст. Раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” низ ҳамфикри ин ақида буда бо доштани чунин Пешво ифтихор доранд.

 Раёсати Муассисаи давлатии таълимии
“Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.