Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Омӯзиши низоми нави таҳсил

Бо назардошти зарурияти воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ тибқи дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” рӯҳзои 22, 23, ва 1-уми феврали соли 2018 семинарӣ омузишӣ доир ба мавзӯи “Низоми кредитии таҳсил” баргузор гардид. Дар семинар омӯзгори Донишгоҳи молия ва иқтисод- Мирзоев Ҳ. ва ҷонишини директори Маркази такмили ихтисоси омӯзгорони шаҳри Душанбе Юсупова М. иштирок намуда ба омӯзгорон доир ба тартиби низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ маълумот доданд. Дар семинари мазкур кормандони шуъбаи таълим, илмӣ-методӣ ва омӯзгорони Коллеҷ ширкат варзида доир ба низоми мазкур маълумоти саҳеҳ гирифтанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.