Аз 20.01 соли 2018 то 27.01 соли 2018 аз тарафи кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ ва тайёрии ибтидоии ҳарбӣ” Холов Т.Ҳ. мусобиқаи волейбол байни омӯзгорон ва кормандони Коллеҷ -волейболи мардона ва занона ташкил карда шуд.Дар ин мусобиқа дар байни дастаҳои мардона ҷои аввалро дастаи деканони факултаҳо, ҷои дуюмро дастаи омӯзгорони кафедраи “Тибби-биологӣ” ва ҷои сеюмро дастаи кормандони раёсати Коллеҷ сазовор гардиданд. Дар бозиҳои занонаи волейбол ҷои якумро дастаи намояндагони раёсати Коллеҷ, ҷои дуюмро дастаи кафедраи “Тиббӣ-биологӣ” соҳиб гаштанд. Ғолибон сазовори кубоку ифтихорномаҳо гардиданд.