Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Санаи 06.02.2022с тибқи нақшаи чорабиноҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар хобгоҳи муассиса вобаста ба тарбияи ватандустӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканиҳо, оворагардию кирдорҳои зиддиахлокӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии фарҳанги ба мо бегона, одоби шаҳрнишинӣ, одамрабоӣ, худкушӣ ва суиқасд ба чони худ, иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ паёми Роҳбари давлат ва ба ҳамин васила рушд додани фаъолияти волонтёри дар пойтахт бо донишҷӯёни хобгоҳ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М. М., намояндагони Раёсат Гулов М, Ғаффорзода Ю. ва намояндагони Шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони коллеҷ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои зикршуда суханронӣ намуданд. Сипас дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни фаъол қисмати фарҳангӣ пешниҳоди иштирокчиён карда шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.