Хабарҳо СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БО ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСА Бо admin Охирин навсозӣ Jan 29, 2022 0 Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати хирадмандона, иқдомҳои наҷибона ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноаткунони босуръати кишвар, ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи донишу малакаҳои омӯзгорӣ, иттилоотнокии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ ва илму маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санаи 24.01.2022с. дар маҷлисгоҳи бинои 2 – юми Муассиса тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз тарафи директори Муассиса, номзади илмҳои тибб Ашуриён Ш. С. дар мувофиқа бо Шуъбаи илмӣ – методӣ семинар–машварат бо ҳайати омӯзгорони Муассиса баргузор гардида истодааст. Тибқи нақша семинар–машварат давоми ҳафта то санаи 29.01.2022с. давом карда, дар он мавзӯъҳои мухталиф – “Солҳои 2022 – 2026 – Солҳои рушди саноат”, “Низомномаи низоми кредитӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ ва ҳуҷҷатгузории ҳар як омӯзгор”, “Муоширати байнишахсиятӣ”, Омодагии омӯзгор ба машғулиятгузорӣ ва дуруст истифода бурдани соати дарсӣ”, “Омодасозии силлабусҳои таълимӣ тибқи барномаи фаннӣ”, Хусусиятҳои рафтор ва муносибати роҳбар бо ҳайати кормандону омӯзгорон”, “Истифодабарии омилҳои педагогӣ–психологӣ дар раванди таълим”, “Баррасии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ (21.12.2021с.)”, “Мавриди амал қарор додани барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ”, “Риояи интизоми меҳнат, такмили ихтисос ва аттестатсияи омӯзгорон”, “Дарси кушоди намунавӣ”, “Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2021 – 2022”, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” аз тарафи муовинони директор, сардорони шуъбаҳо ва омӯзгорони собиқадор мавриди баррасӣ қарор мегирад. Чуноне, ки аз муҳтавои номгӯи мавзуъҳо бармеояд, мақсад аз ташкил намудани семинар–машварат, ин сайқал додани маҳорати педагогии омӯзгорон, баланд бардоштани моликияти зеҳнӣ, ҷалби омӯзгорони ҷавон ба корҳои илмӣ – татқиқотӣ, пурзӯр намудани таълиму тарбия дар муассиса ва дар амал татбиқ намудани сиёсати имрӯзаи давлату ҳукуматро дар бар мегирад. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан