Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЭКСТРЕМИЗМ – РОҲ БА СӮИ НОБУДӢ!

Имрӯз 14.02.2022с. тибқи дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С. дар бораи иҷроиши фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми июни соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025”ва баҳри дар амал татбиқ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи ташкили–тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони коллеҷ оиди “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо донишҷӯёни факултети “Кори ҳамширагӣ баъди хатми синфи 9” ва сарпарастони гурӯҳҳо вохурӣ баргузор гардид.

Дар вохурӣ муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ – Саидова М. М., сардори Шӯъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон Шаҳроми Зайниддин, сармуттахассиси шуъба – Саидов А. ва декани факултети “Кори ҳамширагӣ баъди хатми синфи 9” Фатихова З. Ҷ. иштирок намуда оиди тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ, роҳ надодан ба ҳар гуна амалу вокунишҳои характери ғайридемократӣ дошта, шомил нашудани ҷавонон ва ноболиғон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, даст назадан ба ҳар гуна омилҳои характери хусусияти ҷиноятӣ дошта (вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили Муассиса ва берун аз он, азобу шиканҷа, муносибати бераҳмона, хушунати равонию ҷисмонӣ, зуроварӣ дар оила, суханони қабеҳва ғайра) маъруза ва суханрониҳо намуданд.

Дар охири вохурӣ муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ – Саидова М. М.  боз суханронӣ намуда, бори дигар донишҷӯёнро барои иҷрои тартиботи дохилии муассиса, хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ ҳидоят карда, қайд намуданд: “Имрӯз дар ҳақиқат вақти он расидааст, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад, то ин ки ҷавонон ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар бишаванд, на ин ки ба корҳои зишту харобкорӣ, ифротгароиву тундгароӣ ва терроризм даст зада, миллати хешро ба нестӣ баранд”.

Маъмурияти коллеҷ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.