“ҲИФЗ ВА ТОЗА НИГОҲ ДОШТАНИ ТАБИАТ – МАРОМИ МОСТ!” Хабарҳо Бо admin Охирин навсозӣ Feb 15, 2022 0 Ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли зист, бинову муассисаҳои таълимӣ ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаъҳои он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ пайваста дар назди биноҳои муассисаҳои таълимӣ бо як рӯҳияи баланди ватандӯстона мавқеи хоса дорад. Бо ин мақсад, баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимӣ фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаҳои кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ санаи 12.02.2022с. дар назди биноҳои таълимӣ, базаҳо ва хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. Дар чорабинии ободониву созандагӣ, ҳайати кормандон, мудирони кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок варзида, баҳри дар амал татбиқ намудани қарори мазкур бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳаншиносӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва нарм намудани бехи онҳо ва тоза намудани гирду атрофи биноҳои таълимии муассиса дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атрофи муассиса, кӯшиш ба харҷ доданд. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан