Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Зан-модар тарбиятгари имрӯзу фардои миллат.

Санаи 15.02.2022с аз ҷониби Шӯъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади расонидаи муҳтавои паёми солонаи Роҳбари давлат ба маҷлиси Олӣ ва сиёсати давлатии занон дар ҷомеа маҷлиси васеъ бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорони муассиса гузаронида шуд.

Дар вохӯрии мазкур Юнусова Р.С. – мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Саидова М.М. – муовини Директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Раҳмонова М.Ш. – мудири кафедраи фанҳои тиббӣ-биологии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Абдусатторзода С.А. – устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Назарова М.С. – мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, вобаста ба самтҳои мухталифи Паёми Пешвои миллат, одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва пешгириии бемории сироятии COVID – 19 суханронӣ намуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.