Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЗАН ОЛИҲАИ МАЪРИФАТ

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.

            Бузурге фармудааст: «Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ  дошта бошанд.» Пас суоле ба миён меояд, ки кадом гурӯҳи занон дар ҷомеа пешоҳангиро уҳда карда метавонанд? Маҳз ҳамон заноне дар ҷомеа фаъол буда метавонанд, ки соҳибмаърифатанд.

Масъалаи маърифатнокии занону духтарон дар миёни аксар халқияту миллатҳои ҷаҳон аз масоили ҳалталабу мавриди таваҷҷуҳ ба шумор рафта, боиси нигаронии аҳли илму адаб низ гаштааст.

Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонда, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд.

Хушбахтона, бо ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат солҳои охир мардум ба ин масъала бо диди нав, бо назари тоза менигаранд. Дар давраи пеш аз соҳибистиқлолии кишвар дар навоҳии дурдасти мамлакат шумораи занҳои хонашин ва духтарони аз таҳсил дурмонда хеле зиёд буд. Занҳо имкони аз хона берун шудан ва ё ба ягон кори давлатӣ машғул шуданро надоштанд. Имрӯз тарбияи занони бомаърифатро қабл аз ҳама бояд дар оила ва мактаб мақсаднок ташкил намоем. Манзур аз ин иддао робитаи зичи мактаб ва оила мебошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи моянд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро омӯхта, дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Зеро занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаи мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, соҳибкорӣ ва хидмати давлатӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад.

Ба ҳамин хотир, бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон — сарвари дурандешу ғамхори миллати тоҷик дар  самти баргузории барномаҳои давлатӣ, оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа барои занони тоҷик дастгирии беандоза аст.  Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  муҳайё намудани  шароити мусоид баҳри фаъолияти занон дар сиёсат корҳои зиёд анҷом дода шудааст. Аз ҷумла қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа», барномаҳои давлатии  «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010», «Тарбия интихоб ва ҷобаҷо намудани кадрҳои роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Дар бораи дурнамои фаъолгардонии мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чандин  санаду меёрҳои дигареро номбар кардан бамаврид аст, ки барои озодона кору фаъолият намудани занон дар корҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Ҳоло дар ҷумҳуриамон бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида, сол то сол шумораи онҳо меафзояд.

Бояд қайд кард, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» 290 нафар омӯзгорзан кору фаъолият намуда истодаанд, ки 22 нафари он дар вазифаҳои роҳбарикунанда ҳастанд. Инчунин бояд қайд кард, ки баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон сол ба сол ҳайати занони дараҷаи илмӣ дошта зиёд гардида, айни замон дар муассиса 7 нафар зан соҳиби унвони илмӣ ва 12 нафар унвонҷӯ мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола тавассути Квотаи президентӣ садҳо духтарон — хатмкардаҳои дабистонҳои деҳот дар донишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамчун кадрҳои зарурӣ ба маҳалҳо сафарбар мешаванд. Онҳо ба кору вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ таъмин гардида, аз кӯмаку дастгирӣ ва ғамхориҳои падаронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Аксари ин духтарон андешаи солиму созанда дошта, ба ояндаи дурахшони ин миллати куҳанбунёд бо назари нек менигаранд. Онҳо роҳбарони соҳибкасбу соҳибтаҷриба ва чашмикордон, модарони мушфиқу меҳрубон, ҳамсарони вафодор буда, барои ба даст овардани мақсуд аз ҳеҷ гуна шебу фароз ҳаросе надоранд. Бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва иродаи шикастнопазир маърифатнокиро шарти муҳими комёб шудан меҳисобанду рисолати бузурги ватандориро бар душ гирифтаанд.

Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияти эшон назари нек дорад ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафарро дарк мекунанд. Дар паёми навбатии хеш низ чунин қайд намуданд, ки далели ин гуфтаҳост:

«Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем Эмомалӣ Раҳмон

Бешак, ғамхорӣ ба зан-модар ин ғамхорӣ ба ояндаи миллат мебошад. Оянда ва ҳастии ҳама гуна давлатҳову халқиятҳо аз занону духтарони соҳибмаърифат вобаста аст.

Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди ҷавонон, аз ҷумла занону духтарон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пеш гузошт. Ин рисолати муҳими таърихӣ тақозо менамояд, ки онҳо бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-модар содиқона адо намоянд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз зани тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарию бунёдкорӣ неруи бузург ва созандаи ҷомеаро роҳнамоӣ карда метавонад. Ин аст, ки нақши созандаи зан-модар дар ҷомеаи мо эътирофшуданист ва бошад, ки ин машъалҳои роҳи маърифат ва ободкориҳоро ҳамеша фурӯзону тобанда бубинем.

Дар навбати худ мо занону духтаронро зарур аст, ки рисолати пурмасъулияти худро дар назди давлату миллат адо намуда, фарзандони бо нангу номус, ватандӯсту ватанпарвар тарбия намоем ва дар ҳама соҳаҳои фаъолияти кориамон софдилонаю содиқона хизмат намуда, ба боварии Президенти кишвар сазовор бошем.

Муовини директор
оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М.М.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.