Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 19 феврали соли 2022 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи Нақша-чорабиниҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар 3 бинои таълимӣ, хобгоҳ ва кафедраҳои заминавӣ ба муносибати истиқболи сазовори ҷашнҳои дар пешиситода ва бо мақсади тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни биноҳои Коллеҷ масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи он ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни биноҳо шанбегии дастачамъона доир карда шуд.

Дар шанбегии мазкур омӯзгорон, кормандон ва донишчуён ширкат варзиданд. Дар рафти шанбегӣ омӯзгорон ва донишҷӯён бехи дарахтонро нарм карда, ҷӯйборҳоро тоза намуда, гулу гулбуттаҳои ороиширо аз ҳар гуна алафҳои хушку бегона тоза намуданд. Саҳни биноҳоро пурра рубучин карда дар бинои таълимии №3 (воқеъ дар маҳаллаи 46) баъзе корҳои таъмирӣ ба сомон расонида шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.