Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

РУШДИ ТАНДУРУСТӢ – САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Баёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди тандурустӣ

“Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.”

Эмомалӣ Раҳмон (Душанбе, 21.12.2021 сол)

Дар ҳақиқат соҳаи тандурустӣ аз оғози соҳибистиқлол гаштани ватани азизу маҳбубамон барои Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор мерафт. Барои тасдиқи суханҳои зикргардида ба ададҳо назар меандозем. Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд намуданд, ки:  “Ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид”. Ин собитгари муҳим будани самти тандурустӣ дар назди Ҳукумати кишвар мебошад.

Ҳамчунин дар даврони соҳибистиқлолӣ 2723 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Тайи 30 соли истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард.

Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт. Ҳоло бошад дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад.

Дар давоми сӣ соли истиқлолият барои соҳаи тандурустӣ 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ тайёр карда шудааст.

Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин карда шуданд.

Танҳо дар се соли охир, яъне солҳои 2019–2021 дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30–солагии истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст.

Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст. Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор намуданд, ки барои таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда ҷиҳати минбаъд низ ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ дар амалияи тиббии муассисаҳои соҳавӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҳамчунин Президенти кишвар қайд карданд, ки бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоиро ҷоннок намуда, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута ва соҳибкорон дар самти таъмин кардани рушди саноати дорусозӣ, аз ҷумла истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳоло муассисаҳои тиббии кишвар бо табибон 84 фоиз ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 96 фоиз таъмин мебошанд. Дар панҷ соли минбаъда муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯи ихтисосҳои тиб 13 770 нафар ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббиро 47 880 нафар хатм мекунанд.

Дар робита бо масъалаҳои марбута, Пешвои муаззами миллат сохтору мақомотҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки камбудиҳои мавҷударо доир ба норасоии кадрҳо дар ду сол бартараф намоянд.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки барои ҳалли ду масъалаи муҳимтарини соҳаи тандурустӣ – тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар бисёр кишварҳои дунё мавҷи нави бемории сироятии КОВИД–19 ва фавти одамон идома дорад ва ба мардуми кишвар муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки гарчанде ин беморӣ дар кишвари мо нест, сокинони мамлакат бояд бепарво набошанд, ба фориғболӣ роҳ надиҳанд ва ин масъаларо ҳазл нашуморанд. Баръакс, бояд ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд. Қайд карда шуд, ки шахсони аз кишварҳои хориҷӣ оянда, бояд ҳатман зери назорати табибон қарор дода шаванд. Чунин ашхос бояд фикри аъзои оила, хешовандон ва ҷомеаро кунанд.

Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Президенти оқил дар чунин як даври ҳассос, вақте ки давлатҳои абарқудрат барои дарёфти эм байни ҳам мубориза мебаранд, тавонистанд то ин ки мардуми кишварро бо ваксина бар зидди бемории сироятии КОВИД–19 таъмин намоянд. Айни замон дар ҷумҳурии азизи мо аллакай даври сеюми эмгузаронӣ гузашта истодааст. То имрӯз 60 фоизи аҳолӣ эм карда шудааст. Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки  раванди эмгузаронӣ боз ҳам вусъат дода шавад, зеро ягона роҳи муассири эмин мондан аз ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.

Дар ҷамъ тули сӣ соли соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хосса медиҳад. Дар ҳамин раванд мо – кормандони соҳаи тандурустӣ вазифадорем, ки тамоми дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро сармашқи кори худ қарор диҳем.

Умуман, то он ҷое, ки имкон дошту ҳоло ҳам имкон дорад, мекӯшем баҳри омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ тамоми чораҳоро андешем, то ин ки хизмати тиббиро ба аҳолӣ бо сатҳу сифати баланд пеш барем.

ДАВЛАТЗОДА Аслам Давлат
муовини директор оид ба корҳои таълими-амалӣ
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.