Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ СОЛИМИИ АҲОЛӢ – САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ

Нуктаҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи тандурустӣ

Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.
***
Тайи 30 соли истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард.
***
Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт. Ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад.
***
Дар давоми сӣ соли истиқлолият барои соҳаи тандурустӣ 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ тайёр карда шудааст.
***
Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин карда шуданд.
***
Танҳо дар се соли охир, яъне солҳои 2019–2021 дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30–солагии истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст.
***
Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст.
***
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор аст, ки барои таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда ҷиҳати минбаъд низ ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ дар амалияи тиббии муассисаҳои соҳавӣ чораҳои заруриро амалӣ намояд.
***
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ заминаи моддиву техники муассисаҳои тиббиву иҷтимоиро ҷоннок намуда, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута ва соҳибкорон дар самти таъмин кардани рушди саноати дорусозӣ, аз ҷумла истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешад.
***
Ҳоло муассисаҳои тиббии кишвар бо табибон 84 фоиз ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 96 фоиз таъмин мебошанд.
Дар панҷ соли минбаъда муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯи ихтисосҳои тиб 13 770 нафар ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббиро 47 880 нафар хатм мекунанд.

Аз ин рӯ, сохтору мақомоти марбута вазифадоранд, ки камбудии мавҷударо доир ба норасоии кадрҳо дар ду сол бартараф намоянд.
***
Барои ҳалли ду масъалаи муҳимтарини соҳаи тандурустӣ – тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.
***
Имрӯз дар бисёр кишварҳои дунё  мавҷи нави бемории сироятии КОВИД–19 ва фавти одамон идома дорад.

Бинобар ин, ба мардуми кишвар муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки гарчанде ин беморӣ дар кишвари мо нест, сокинони мамлакат бояд бепарво набошанд, ба фориғболӣ роҳ надиҳанд ва ин масъаларо ҳазл нашуморанд.
Баръакс, бояд ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд.
***
Онҳое, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ҳатман зери назорати табибон қарор дода шаванд.
Чунин шахсон бояд фикри аъзои оила, хешовандон ва ҷомеаро кунанд.
***
То имрӯз 60 фоизи аҳолӣ эм карда шудааст ва зарур аст, ки раванди эмгузаронӣ боз ҳам вусъат дода шавад, зеро ягона роҳи муассири эмин мондан аз ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.

Тартибдиҳанда:
Муминзода Ҷ.С – муовини директор оид ба корҳои
илмӣ – методӣ,иноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.