Бардошт аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (21.12.2021с).
Ҳаёти имрӯзаи моро бидуни смартфонҳо тасаввур кардан анқариб ғайриимкон аст. Мо торафт ба телефонҳои мобилӣ одат карда, бештари вақти худро бо онҳо мегузаронем. Зангу суҳбатҳои телефонӣ, ирсолу паёмакҳо, мубодилаи аксу садо, тамошои наворҳо, хондани ахбор ва мутолиаи маводи гуногуни шабакаҳои иҷтимоӣ аз як ҷиҳат то ҷое ба меъёри зиндагии ҳаррузаи мо табдил ёфтааст ва аз ҷиҳати дигар, мо “вобаста” – и ҳамаи он шудаем. Лекин тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки аз меъёр зиёд истифода намудани телефони мобилӣ боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои гуногун мегарданд.
Дар Паёми навбатиашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки санаи 21 – уми декабри соли 2021 дар Кохи Сомон ироа гардида буд ва дар он Пешвои муаззами миллат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян намуданд. Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ воқеан барои мардуми сарбаланди тоҷик таърихӣ буд. Чунки дар соли 2021 ҷашни муқаддасу бузурги ватанамон, яъне 30 – солагии Истиқлолияти давлатиямонро зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифтем.
Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои миллат дар бораи сатҳи некуаҳволии мардум сухан намуданд.
Аз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, инчунин, нишондиҳандаҳои зерин гувоҳӣ медиҳанд:
-
Агар муштариёни алоқаи телефони мобилӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефони ба беш аз 8 миллион нафар расидааст;
-
ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳанд;
-
танҳо дар даҳ соли охир барои истифодаи алоқаи мобилӣ аз ҷониби аҳолии мамлакат 30 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.