Хабарҳо ВОХӮРӢ БО МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ Бо admin Охирин навсозӣ Фев 23, 2022 0 Дирӯз санаи 22.02.2022 дар асоси супориши Роҳбари муассиса ва нақша-чорабиниҳои Шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандону донишчӯён, маърифати шаҳрнишинии шаҳрвандон роҳ надодани фарҳангӣ ба миллати мо бегона ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористиву экстремистӣ дошта бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар толори маҷлисгоҳи биноми 2-юми таълимии муассиса вохӯрӣ ташкил карда шуд. Дар кори ҷаласа Саидзода Шуҳрат муовини Сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Саидаҳмадов Суҳроб нозири минтақавӣ, Саидова М.М муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, Давлатзода А.Д муовини директор оид ба корҳои таълими амалӣ, Мамурзода Д.М муовини директор оид ба корҳои хоҷагидорӣ, намояндаҳои Шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, сарпарастони гуруҳҳо ва теъдоди васеӣ донишҷӯён иштирок доштанд. Сараввал Саидов А.А мутахассиси Шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон кори ҷаласаро оғоз намуда меҳмононро муаррифи ва мақсади маҷлисро баён намуда суханро ба Саидзода Шуҳрат муовини Сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доданд. Маърузачӣ атрофи масъалаҳои зикршуда суханронии васеъу асоснок намуданд. Қайд карда шуд, ки роҳ додан ба фарҳанги ба миллати мо бегона пеш аз ҳама таъсири манфӣ ба пешравии тафаккури миллатпарварии мо гузошта заминаи фано гаштани онро муҳайё менамояд аз ин рӯ бо як ғурури ватандустӣ ҳар шахрвандро зарур аст, ки манфиатҳои миллиро дуст дошта онро дар ҷомеа муаррифӣ намояд. Баъдан атрофи масъалаи тероризму экстремизм маълумоти муфассал дода аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки аз худ маҳорати хуби хештаншиносӣ нишон дода бар зидди ҳамаи амалҳои номатлуби ҷомеа устуворона истодагарӣ намоянд. Сипас байни меҳмонону аҳли толор саволу ҷавоб атрофи масалаҳои ҷойдошта саволу ҷавоб сурат гирифт. Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан