Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

АРТИШИ МИЛЛӢ – ГАРАВИ МУҲОФИЗАТ АЗ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Табрикоти директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба муносибати Рӯзи артиши миллӣ

Санаи 23 февралро мо ба таври анъанавӣ ҳамчун Рӯзи Артиши миллӣ, рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи муҳофизони Ватан ҷашн мегирем, ки яке аз муҳимтарин идҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Аз таъсиси Артиши миллии мо 29 сол сипари гашта бошад ҳам, айни замон он ба яке аз артишҳои муҷаҳҳаз, пурқувват ва маъруфи минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона давлатест, ки пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ артиши худро надошт ва аз техникаҳои ҳарбӣ ба он чизе мерос гузошта нашуд. Вале бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат дар муддати кӯтоҳ артиши пуриқтидор ташкил карда шуда, рӯз аз рӯз он рушд ёфта истодааст. Мо аз доштани Артиши миллӣ ва чунин Сарфармондеҳ ифтихор дорем. Пешвои муаззами миллат дар яке аз паёмҳои хеш қайд карданд, ки:

“Таъкид месозам, ки дар ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати воқеии ҳимоя кардани давлат аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мебошад.” Эмомалӣ Раҳмон (2021)

Дар ҳақиқат имрӯз Артиши миллӣ гарави ҳифзи манфиатҳои миллии мо дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Дар баробари ин 23 феврал на танҳо рӯзи гиромидошти сарбозон ва ҷанговароне, ки солҳои ҷангу душвориҳо ба Ватан хидмат карда, онро дифоъ карданд – балки санаи муҳимест, ки аллакай ба “Рӯзи ғайрирасмии тамоми мардон” табдил ёфтааст. Ин рӯз таҷассумгари ҳамаи он сифатҳоест, ки занон дар мардон қадр мекунанд: масъулият, далерӣ, қувват ва ғамхорӣ.

Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми ҳамдиёрон, дӯстону бародарон ва мардони гиромиқадри Ватани азизамонро бо иди зебои феврал, ки барои эҳтироми мардони воқеӣ пешбинӣ шудааст, табрик мегӯем! Мо ба шумо таманно дорем, ки такягоҳи боэътимоди оила ва дӯстонатон бошед, аз ҳаёт дар ҳама зуҳуроташ лаззат баред, ирода, истодагарӣ ва хоҳиши ғолиб шуданро дар вазъиятҳои душвор нишон диҳед. Саломат, дӯстдошта ва муваффақ бошед!

АШУРИЁН Шаҳло Сайфуллозода
н.и.т., директори Муассисаи давлатии таълимии
“Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.