Назари таҳлилӣ ба нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии ҷавонон
Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон (Душанбе, 21.12.2021 сол)
Ҷавонон – ҳамчун нерӯи созанда, дар ҳар давру замон барои ҷомеа арзиши хос доштанд. Дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, истеҳсоли сарватҳои моддӣ ва маънавӣ ҷои муҳимро ишғол мекарданд. Таърих гувоҳ аст, ки нерӯҳои ифротгар бо фитнаву дасисаҳои худ сараввал ҷавононро ба сафи худ ҷалб карда, сипас онҳоро ҳамчун лӯхтак барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода мебурданд. Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистони азизи моро низ ҳамин дард фаро гирифт. Нерӯҳои ифротгарои дохилӣ бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ миллату давлати моро ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид. Сабаби шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои тундрав, ифротгаро ва экстремистӣ ин пеш аз ҳама ғофил будан аз вазъи сиёсии ҷаҳон, надонистани таърихи ниёгони хеш, мафкураи камтаҷриба ва ноогоҳ доштан ва нагирифтани тарбияи комил мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бешубҳа шахси оқил ва дурандеш ҳастанд, аз оғози фаъолияти хеш ба ҳайси Сарвари давлат борҳо қайд намуданд, ки нақши ҷавонон дар сохтани ояндаи нек аввалиндараҷа мебошад.
Мақсад аз навиштани ин мақола – пешкаши маълумоти мухтасар оид ба вазъи ҳуқуқӣ, маишӣ ва иҷтимоии ҷавонон дар Тоҷикистон бо факту далелҳо мебошад. Албатта бобати дастгирии ҷавонон, Ҳукумати кишвар ва алалхусус Роҳбари давлат саҳми бузургу беандоза доранд ва барои ҷамъоварии ҳамаи онҳо метавон як китоб тартиб дод, вале мо сайъ намудем, то ин ки нуқтаҳои муҳимро қайд карда ба самъи хонанда расонем. Инчунин, баҳри гиромидошти арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳуввияти миллӣ ва эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои тундрав, бояд мо – ҷавонон аз таърихи худ воқиф бошем. Аксарияти ҷавонон дар ин диёри озоду ором умр ба сар бурда, тадбирҳои Ҳукумат ва Президенти кишварро бобати дастгирии ҷавонон ҳамчун як амри маъмулӣ мепиндоранд, аз ин рӯ мақсади дигари ҷамъоварии далелҳо – ёдовар намудан ба ҷавонон аз нақши Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар дар ҳаёти осоиштаи ҷавонони Тоҷикистон мебошад.
Маълумотҳо барои мақола аз манбаъҳои эътимоднок, суханрониҳои Пешвои муаззами миллат ва Паёмҳо (2001-2021) ҷамъоварӣ шудаанд.
Далели №1. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барои мубодилаи таҷриба ва таҳсил дар давлатҳои хориҷа ба ягон шаҳрванд иҷозат намедод. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Ҳамчунин, баҳри раҳсипор намудани ҷавонони лаёқатманд аз ҷумлаи нафарони камбизоат ва ятимону бепарасторон стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вуҷуд дорад, ки ин худ яке аз нишонаҳои ғамхории Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон мебошад.
Далели №2. Соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар ё 810% афзудааст.
Далели №3. Танҳо дар соли 2020, новобаста аз вазъи эпидемиологӣ ва шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ барои наврасону ҷавонон дар кишвар 147 иншооти варзишӣ бо харҷи 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Далели №4. Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30–солагии истиқлоли давлатӣ сохташуда 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад.
Далели №5. Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ барои ҷавонони кишвар, дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид, ки рушди онҳо мутаносибан 27% ва 68%-ро ташкил дод.
Далели №6. Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 120 ҳазор нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар 250 ҳазор нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 30 % онро духтарон ташкил медиҳанд. Дар қиёс то даврони соҳибистиклолӣ танҳо 71000 нафар дар муассисаҳои олии касбӣ ва 75000 дар муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба таҳсил фарогир буданду халос.
Далели №7. Дар даврони соҳибистиқлолӣ озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун бо мукофотҳои олӣ, ҳавасмандгардониҳои молиявӣ ва зеҳнӣ баргузор мешаванд, ки мақсад аз он пеш аз ҳама бедорсозии ҳисси масъулиятшиносӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошанд.
Далели №8. Баҳри ҳифзи манфиатҳои ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” қабул гардид.
Далели №9. Баҳри ҳавасмандгардонии варзишгарони ҷавон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш таъсис дода шуд, ки то имрӯз зиёда аз 200 нафар варзишгарони ҷавон соҳиби он гардидаанд.
Далели №10. Аз 23 ҳазор бунёдкорони иншооти азими аср – нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 40 % ҷавонони то сисола мебошанд. Ин собитгари сатҳи эътимоди Ҳукумати кишвар ба насли ҷавон мебошад.
Далели №11. Пешвои муаззами миллат бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат соли 2017 – ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти Ҳукумат ва шахсан Президент хоҳад буд.
Далели №12. Тибқи маълумотҳои оморӣ (2014) сафҳои хизмати давлатиро ҷавонон пурра менамуданд, ки ҷавонони то 35 – сола 7600 нафар ё 41,4 % хизматчиёни давлатиро ташкил медоданд ва зиёда аз 1200 нафари онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол менамуданд.
Далели №13. Аз соли 1997 тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 22209 ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин теъдод 13388 нафарашон духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кўҳистон мебошанд. Ҳамчунин, дар асоси дастури Роҳбари кишвар миқдори квотаҳои Президентӣ аз 200 ба 1252 ҷой расонида шуд.
Далели №14. Баҳри беҳтар омода шудани ҷавонон ба зиндагии мустақил, таъмини шароити оилаю оиладорӣ ва тақвият додани риояи ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон, сину соли никоҳӣ аз 17 ба 18-солагӣ баланд карда шуд. Ин чора имкон дод, то ин ки ҷавондухтарон аққалан мактаби таҳсилоти умумии мёнаро хатм кунанд.
Далели №15. Моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд. Аз соли 1997 инҷониб ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23-юми май ҳамчун «Рӯзи ҷавонон» таҷлил гардида, моҳвораи ҷавонон ташкил карда мешавад, ки силсилаи чорабиниву озмунҳои фарҳангиву сиёсӣ ва мусобиқаҳои мухталифи варзиширо фаро мегирад.
Далели №16. Тибқи таҳлилҳои хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид синну соли миёнаи аҳолии Тоҷикистон 22,5 солро ташкил медиҳад, яъне ҷавонон 70% аҳолии кишварамонро ташкил медиҳанд, ки аз ин ҳисоб давлати мо ҷавон ба ҳисоб меравад.
Далели №17. Дар асоси дастури Роҳбари давлат шумораи стипендияҳои президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 400 ба 3000, шумораи чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 расонида шуд.
Далели №18. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии бештари олимони ҷавон ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон таъсис дода шуд ва то ба имрӯз 163 нафар олимони ҷавон соҳиби ин ҷоиза гардидаанд.
Далели №19. Барои дастгирии иҷтимоии олимони ҷавон, аспирантҳо ва донишҷӯдухтароне, ки бо квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 86 хобгоҳи замонавӣ бунёду азнавсозӣ ва ба истифода супорида шудааст.
Далели №20. Ҷиҳати дастгирии наврасону ҷавонон бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат якчанд шабакаҳои нави телевизионӣ, аз ҷумла соли 2005 телевизиони «Сафина», соли 2006 «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон», соли 2015 телевизиони «Варзиш» ва дар заминаи он соли 2017 телевизиони «Футбол» ва соли 2020 «Илм ва табиат» таъсис дода шуданд.
Дар баробари ин ҳама гуфтаҳо, Пешвои муаззами миллат ҳар маротиба, ки аз минбар ба мардуми кишвар муроҷиат менамоянд, таъқид месозанд, ки бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардан зарур аст.
Тамоми Паёмҳои Пешвои муаззами миллатро таҳлил намуда ба хонандагон порча аз матнҳои Паёмҳоро (2001-2021) пешкаш мегардонем, ки онҳо нишондиҳандаи қадру манзалати ҷавонон дар назди Ҳукумат ва Президенти кишвар буда, барои мо – ҷавонон шиор гардидаанд.
-
Ба ҳамагон маълум аст, ки ояндаи ҳар як кишвар бо насли ҷавон алоқаи бевосита дорад. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 30.04.2001 сол)
-
Ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва занон, ки табақаи фаъоли иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд, минбаъд низ дар маркази диққати Ҳукумат ва сохторҳои он қарор хоҳад гирифт. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 30.04.2004 сол)
-
Ба масъалаи аз байни ҷавонон ва занону духтарони лаёқатманду соҳибмаърифат интихоб кардан ва ба вазифаҳои роҳбарикунандаву масъул пешбарӣ намудани онҳо эътибори ҷиддӣ бояд дода шавад. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 25.04.2008 сол)
-
Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 15.04.2009 сол)
-
Мо аз ҷавонон умеди калон дорем, зеро дар оянда масъулияти давлатдорӣ ва рушди кишвар бар ўҳдаи онҳо меафтад. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 24.04.2010 сол)
-
Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дўши онҳо гузошта шудааст. ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстӣ кўшишу талош намояд. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 20.04.2011 сол)
-
Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хеле назаррас мебошад. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 20.04.2012 сол)
-
Ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 26.04.2013 сол)
-
Дар баробари ҷалби бештари занону ҷавонон ба идоракунии давлатӣ зарур аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва қобилияти ташкилотчигии онҳо диққати доимӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия ва ҳидоят намоем. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 23.04.2014 сол)
-
Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 23.01.2015 сол)
-
Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 22.12.2016 сол)
-
Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 22.12.2016 сол)
-
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 22.12.2017 сол)
-
Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 27.12.2018 сол)
-
Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 27.12.2018 сол)
-
Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 27.12.2018 сол)
-
Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 26.12.2019 сол)
-
Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 26.01.2021 сол)
-
Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. (Паёми Президенти кишвар, Душанбе, 21.12.2021 сол)