Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРӮИ БО ЭЪТИМОДИ ВАТАН

Таҳти ҳамин унвон бо мақсади дар сатҳи воло таҷлил намудани 29 умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22.02.2022 дар биноми 2юми таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ аз ҷониби кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулода, мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои харбӣ ” конференсияи фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронида шуд, ки саршор аз шеъру қиссаву намоиши саҳнаҳое, ки таҷассумгари меҳри ватандӯстӣ ҳифзи марзу бумӣ меҳанро дошт ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии зикршуда Саидова М.М муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, Давлатзода А.Д муовини директор оид ба корҳои таълими амалӣ, Мамурзода Д.М муовини директор оид ба корҳои хоҷагидорӣ, намояндаҳои Шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон, хайати омӯзгорони кафедра ва теъдоди зиёди донишҷӯён иштирок доштанд.

Воқеан ҳам Ватан муқаддас мебошад ва ҳифзу эҳтироми он фарзу қарзи ҳар шаҳрванд аст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.