Хабарҳо ВАКСИНА РОҲИ НАҶОТ АСТ Бо admin Охирин навсозӣ Feb 24, 2022 0 Бо иқдоми роҳбарияти Муассиаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” миёни донишҷӯён чорабиниҳои иттилоотонӣ оиди иммунизатсия бар зидди бемории сироятии коронавирус СOVID – 19 гузаронида шуда истодааст. Иммунизатсия ва риояи гигиенаи шахсӣ садди роҳи паҳншавии вирус миёни аҳолӣ мебошад. Ин раванд метавонад ҳаёти инсониятро наҷот дода, ҳолати фавтро пешгирӣ намояд. Тайи давраи соли 2021 ва моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ кормандону омӯзгорон (вояи 2 – ум 472 нафар вояи 3 – ум 400 нафар) аз донишҷӯён (вояи 2 – ум 6500 нафар вояи 3 – ум 1800 нафар) Коллеҷ ба иммунизатсияи зидди бемории коронавируси COVID – 19 фаро гирифта шудаанд. Айни ҳол дар ҳудуди Коллеҷ чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ идома дошта, зиёда аз 10 маротиба аксияҳо дар мавзуъҳои “Худ ва дигаронро аз хатари коронавирус ҳимоя намо”, “Ваксина ҳаётро наҷот мебахшад” ва “Иммунизатсия кардан, ҳаммаънои қаҳрамонист” доир гардида, ба омӯзгорону донишҷӯён буклету маводҳои иттилоотонӣ дастрас карда шуд. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан