Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” машғулиятҳои амалии кафедраи “Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия” дар Маркази таълимӣ-истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш” – и Коллеҷ мегузаранд.
Донишҷӯён аз тарзи коркарди гиёҳҳо ва тайёр намудани ҳаббҳо аз наздик шинос мешаванд. Мақсад аз гузаронидани дарси амалӣ, ин аз наздик шинос шудан бо дастгоҳҳои ҳаббтайёркунанда ва гиёҳҳои шифобахш, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва малакаву маҳорати онҳо мебошад.