Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ вусъат меёбад

Бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05 соли 2018, №518 бо мақсади беҳтар намудани сифати омодасозии ҳамшираҳои тиббӣ дар доираи тадбиқи “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ” ва Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2010 – 2020”, мутобиқи банди 10 – и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 тасдиқ гардидааст аз 4 то 8 – уми июни соли 2018 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” семинари омӯзишӣ аз руи стандартҳои байналмилалӣ вобаста ба мавзӯи “Омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ” барои омӯзгорони Коллеҷ аз тарафи мураббиёни хориҷӣ бо дастгирии Лоиҳаи Намояндагии Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Дар семинари мазкур 15 нафар омӯзгорони ҷавони кафедраҳои тибби оилавӣ, кори ҳамширагӣ ва терапияи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ширкат нумуданд. Семинари омӯзишӣ бо истифодаи услубҳои байналфаъоли таълим, аз ҷумла кор дар гурӯҳҳои хурд, ҳалли масъалаҳои вазъӣ, иҷроиши кори мустақилона гузаронида шуд. Аз тарафи мураббиёни хориҷӣ ба омӯзгорон доир ба мавзӯъҳои услуби тартиб додани нақшаи таълим оид ба омӯзиши малакаҳои клиникӣ, мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ иҷро намудани малакаҳои амалии ҳамширагӣ ва усулҳои самаранок ва бехатари кор бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таълим дода шуд. Дар охири семинар ба иштирокчиён шаҳодатнома тақдим карда шуд. Омӯзгорон баён намуданд, ки аз иштирок дар семинари мазкур барои худ маълумоти хеле муфид ба даст оварда, бо мураббиёни хориҷӣ табодули таҷриба намуданд ва пешниҳод доштанд, ки дар оянда низ чунин семинарҳои омӯзишӣ дар шакли таҳсили муттасили омӯзгорон бештар ташкилу баргузор карда шаванд.

Азиззода Зубайдулло Абдулло
Муовини директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои тиб

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.