Ҳамкориҳо ба ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри беҳтар намудани раванди
таълим ва баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон
Бо дастгирии молиявии Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода” Бундёди Мадад дар Тоҷикистон дар доираи амалигардонии лоиҳаи “Кӯмаки паллиативӣ ба кӯдакон” якчанд чорабиниҳо баҳри беҳтар намудани раванди таълим ва баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорони Коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ба сомон расонида шуданд. Баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур бо фармоиши директори Коллеҷ аз 20.02 соли 2018, №25 гурӯҳи корӣ иборат аз 6 нафар омӯзгорон ташкил карда шуд. Аз тарафи гурӯҳи корӣ барномаи таълимӣ оид ба расонидани кӯмаки паллиативӣ барои ихтисосҳои “Кори умумитиббӣ” – бахшҳои 3-4, “Кори момодоягӣ”, “Кори ҳамширагӣ” – бахшҳои 3- юм аз нав дида баромада шуда, ба онҳо тағйиротҳо оид ба хусусиятҳои парастории паллиативӣ ба кӯдакон ворид карда шуда, аз тарафи Шӯрои илмӣ-методӣ тасдиқ карда шуданд. Ҳамчунин аз тарафи гурӯҳи корӣ дастури таълимии “Расонидани кӯмаки паллиативӣ ба кӯдакон” тартиб дода шуда, бо иҷозати Шӯрои табъу нашри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 500 нусха аз чоп бароварда шуд. Дастури таълимии мазкур ҷанбаҳои асосии расонидани кӯмаки паллиативӣ ба кӯдаконро дар бар мегирад. Дар доираи лоиҳаи мазкур бо фармоиши директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз 25.04 соли 2018, №334 санаҳои 2,3,4 майи соли 2018 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо иштироки омӯзгорони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷҳои тиббии ш.Душанбе, ш.Бохтар, ш.Кӯлоб, ш.Ваҳдат, ш.Хоруғ, ш.Турсунзода, н.Данғара, н.Рӯдакӣ, н.Ёвон, н.Ҳисор, н.Рашт, н.Вахш ва н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва бо фармоиши №342 аз 01.05 соли 2018 дар Коллеҷи тиббии ш.Хуҷанд санаҳои 10,11 ва 12 – уми майи соли 2018 барои омӯзгорони Коллеҷҳои тиббии ш.Хуҷанд, ш.Конибодом, ш.Панҷакент, ш.Истаравшан, ш.Исфара, ш.Гулистон ва н.Б.Ғафуров семинари омӯзишӣ доир ба мавзӯи “Расонидани кӯмаки паллиативӣ ба кӯдакон” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар семинарҳои мазкур зиёда аз 50 нафар омӯзгорон ширкат варзиданд. Семинари мазкур аз тарафи мураббиёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” гузаронида шуда, дар он масъалаҳои мубрами расонидани кӯмаки паллиативӣ ба кӯдакон мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Семинарҳои мазкур бо истифодаи услубҳои муосиру байналфаъол гузаронида шуда, дар он омӯзгорон фаъолона ширкат доштанд. Пас аз анҷоми семинар ба иштирокчиён шаҳодатнома дода шуд. Омӯзонидани кормандони миёнаи тиббӣ доир ба мавзӯи кӯмаки паллиативӣ хеле муҳим мебошад. Муҳимияти омӯзиши мавзӯи мазкур аз он иборат аст, ки сол аз сол шумораи беморони гирифтори бемориҳои илоҷнопазир, ки ба кӯмаки паллативӣ (таскинӣ) эҳтиёҷ доранд чи дар байни калонсолон ва чи дар байни хурдсолон афзӯда истодааст. Ин хадамоти тандурустӣ ва муассисаҳои таълимиро водор менамояд, ки омӯзиш ва хизматрасониҳои тиббӣ, иҷтимоӣ, рӯҳӣ ва равониро ба ин гурӯҳи беморон беҳтару хубтар ба роҳ монад. Мо боварии комил дорем, ки омӯзиши кормандони миёнаи тиббӣ оиди масъалаи мазкур барои азхуд намудани малакаҳои расонидани кӯмаки паллиативӣ ба кӯдакон имкон фароҳам меорад, чунки саҳми кормандони миёнаи тиббӣ, бахусус ҳамшираҳои тиббӣ дар расонидани кӯмаки паллиативӣ ба беморон хеле бузург аст.
З.А. Азиззода – Муовини директори МДТ
“Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оид ба
корҳои таълимӣ”, н.и.т.