Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РУЗҒОРДОРӢ” ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Ҳар насл баъди пой бар арсаи вуҷуд гузоштан худро дар оғӯши одамон, сохти иҷтимоии мавҷуда, табиат ва муҳити зист мебинад. Дар зери парастории онҳо ба воя мерасад, бо таъсири муҳит хулқу атвораш ташаккул меёбад ва арзишҳои умумибашариро аз худ мекунад. Ба саволҳое ҷавоб меҷӯяд, ки чӣ тавр бояд зист ва чӣ коре бояд кард ва чӣ амалро бояд накард, ки умр гуворо гузарад?

Барои баланд бардоштани завқи эстетикии анъанаҳои оилавӣ, ба монанди малакаву маҳоратҳои рӯзғордорӣ, ташкили рақсу суруд дар ҷашнҳо, маъракаҳо ва дигар хурсандиҳои оилавӣ, тамошои асарҳои санъат, хондану муҳокимаи китобҳо, кинофилмҳо, намоишҳои телевизион ва ғайра нақши муҳим мебозанд. Вале дар ин бобат ҳадду меъёри заруриро нигоҳ дошта, ба дараҷаи олӣ расондан мумкин нест. Ба он кӯшидан лозим аст, ки анъана ривоҷу равнақ ёфта, ба тарбияи наслҳо таъсири муфиди эстетикӣ расонад.

Бо ин мақсад, санаи 02.03.2022с. тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дастуру супоришҳои директори Коллеҷ муҳтарама н.и.т. Ашуриён Ш. С. дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” маҳфили “Рӯзғордорӣ” дар байни факултетҳои “Кори фарматсевтӣ” (Сафарова Суман, донишҷӯи бахши 3), “Кори ҳамширагӣ” (Назарова Бахтиниссо, донишҷӯи бахши 3), “Кори момодоягӣ” (Тағоева Лайлӣ, донишҷӯи бахши 3), “Кори тиббию ташхисӣ” (Саидова Идигул, донишҷӯи бахши 1) ва “Кори табобатӣ” (Раҳмонзода Назира, донишҷӯи бахши 1) коллеҷ шуда гузашт.

Мақсади ин маҳфил, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил, баланд бардоштани донишу малакаи касбомузӣ, ҳидояти ҷавондухтарон ба рузгордорӣ ва хотири арҷгузорӣ ба расму оини миллӣ, мероси ниёгон ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик мебошад.

Озмуни маҳфили “Рӯзғордорӣ”  аз 5 шарт иборат буд:

  1. Оростани дастархони точикӣ бо пешниҳодҳои таъомҳои миллии қадима ва муосир;

  2. Намоиши тарзи тайёр намудани  як таоми миллӣ ва муаррифии он;

  3. Маҳорати омода намудани хуришҳо;

  4. Маҳорати қабули меҳмон дар хона;

  5. Саволу ҷавоб оид ба масъулияти оиладорӣ ва рузғордорӣ.

Озмунро ҳайати ҳакамон Шаҳло Ҳасанзода – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино, Таҳмина Султонова – мудири бахши фарҳанги ноҳия, Латифова Гулпарӣ – раиси шаҳраки Зарафшон, Саидова М. М. – муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва Носирова Н. – раиси занон ва духтарони коллеҷ  баҳогузорӣ карданд.

 Бояд гуфт, ки сатҳи омодагии донишҷӯдухтарони факултетҳо дар сатҳи диққатҷалбкунанда қарор дошт, ороиши дастархон ва пухтупаз баҳо надоштанд. Иштиркчиёни маҳфил тибқи шарти озмун дар ҳузури ҳайати ҳакамон хӯроки миллии аз қабили шакароб, қурутоб, оши палов, оши бурида (туппа) ва хӯришҳои аврупоиро омода карда, маҳорати кадбонугии худро намоиш доданд.

Ҳайати ҳакамон ба маҳорату истеъдод ва қобилияти донишҷӯдухтарони ҳамаи факултетҳо баҳои баланд доданд ва эҳёи анъанаҳои миллӣ ва хӯрокҳои миллиро талқин намуданд.

Инчунин дар раванди озмун аз ҷониби дастаи ҳаваскорони “Шифобахш” таронаҳо, қиссаҳо ва рақсу сурудҳои дилнишин пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Бояд қайд намоям, ки даври финалии озмун рузҳои наздик ҷамъбаст гардида, дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар ғолибон эълон ва бо туҳфаҳо мукофотонида мешаванд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.