Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОБОДИИ ВАТАН АЗ ОБОДИИ ХОНА, МАҲАЛ ВА КОРГОҲ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Ду сол қабл Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум чунин изҳор дошта буданд:

«Аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе  даъват ба амал меорам, ки барои ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм гузоранд. Дар ин радиф пешниҳод менамоям, ки ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зист як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намояд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро сарсабз мегардонем ва  дар ободонии он саҳм мегузорем,  балки барои  насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист  ва сарзамини худро меомӯзонем».

Бояд гуфт, ки зери ин пешниҳоди Раиси шаҳр ҳикмати бузурге нуҳуфтааст: Сабз кардани дарахт  аз қадимулайём суннати неки мо, тоҷикон, маҳсуб  меёбад. Ин амал яке аз корҳои хайру савоб буда, ҳамин аст, ки чун анъанаи неки ниёгон то имрӯз идома меёбад.

Пешниҳоди мазкур аз ҷониби сокинони пойтахт гарму ҷӯшон дастгирӣ ёфт ва пас аз як соли оғози ин иқдом Душанбе ба феҳрасти шаҳрҳои сердарахт ва сабзу хуррами ҷаҳон ва яке аз мегаполисҳои аз лиҳози экологӣ тозаи Осиё шомил шуд.

Маъмулан, корҳои ободонӣ – шинонидани дарахту гулҳо баъди ҷашн гирифтани иди Сада, ки оғозбахши корҳои кишоварзист, густариш меёбад. Ин маърака дар тарбияи меҳнатӣ, зебоипарастӣ ва баланд шудани маърифати экологии  аҳли  ҷомеа,  хусусан наврасону ҷавонон, инчунин солимии аҳолӣ нақши муҳим дорад. Ин иқдоми наҷиби раиси шаҳр саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахти мамлакат арзёбӣ гардида, барои насли имрӯзу оянда намунаи ибрат ва омили дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини аҷдодиамон  маҳсуб мешавад.  Муҳимтар аз ҳама он сабаби сарсабзии диёр, беҳтар гардидани муҳити экологӣ мешавад. Зеро, як дарахти ба воя расида дар як шабонаруз 180 литр оксиген хориҷ мекунад. Як одам бошад дар як шабонаруз аз 500 то 700 литри ин газро нафас мегирад. Яъне барои нафаскашии ҳар яки мо 5 дарахт «хизмат» мекунад. Ҳол он, ки як мошини сабукрав ҳангоми 100 километр роҳро тай кардан миқдори солонаи оксигенеро, ки як одам нафас мекашад, нобуд месозад. Аз ин рӯ, барои ба бемориҳои гуногун гирифтор нашудани организм ҳар шахсро зарур аст, ки олами набототро эҳтиёт намуда, дар сабзу хуррамнамоии хона, маҳал ва коргоҳаш саҳм гузорад.

Бояд қайд намуд, ки ба роҳ мондани корҳои ободу зебо гардонӣ, гузаронидани маъракаҳои кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ   дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ» ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ибтикори роҳбарияти муассиса баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии иқдоми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе дар  муассиса ҳар рӯзи  шанбе корҳои ободонӣ баргузор мегардад.

Дар ин чорабиниҳо  роҳбарияти муассиса, ҳайати  устодон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, дар саҳн ва гирду атрофи бинои асосии муассисаи таълимӣ, корпусҳои таълимии маҳаллаҳои “Дӯстӣ”, “Шаҳраки 46” ва хобгоҳи донишҷӯён пайваста ба корҳои ободонӣ (шинонидани ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва нарм кардани гирду атрофи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, тоза намудани ҷӯйбору роҳравҳо) машғул мегарданд.

Кормандони коллеҷ тасмим гирифтанд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани бузургтарин иди миллии ниёгонамон Наврӯз ҳар ҳафта чунин шанбегиҳоро роҳандозӣ намуда, дар ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани пойтахти маҳбубамон саҳми арзандаи хешро гузоранд. Маврид ба зикр аст, ки чунин шанбегиҳои дастаҷамъона дар оянда низ дар радифи иқдомҳои ободкоронаи роҳбарияти коллеҷ баҳри истиқболи шоистаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, барои воқеан ҳам ба як шаҳраки сарсабзи донишҷӯён табдил ёфтани ин боргоҳи таълимӣ мусоидат хоҳад кард.

Муовини директор оид ба
корҳои маъмурӣ  ва хоҷагӣ – и
МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»
Мамурзода Диловар

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.