Хабарҳо ЗИНДАГИ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД Бо admin Охирин навсозӣ Mar 7, 2022 0 Зан модари ман, модари ту, модари ом аст, Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст. Бе зан чӣ бувад, зиндагиву зист дар олам, Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст. Оре, модар беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро омӯхта, дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба мақому маърифати зан таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва Паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа диққати махсус дода мешавад. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ ва хидматӣ давлатӣ, соҳибкорӣ, маориф пурманфиат арзёбӣ мешаванд. Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Беҳуда баҳорро зеботарин фасли сол намешуморанд, чунки аз ҷашни “Рӯзи модар” оғоз меёбад. Бо ҳамин мақсад тибқи дастуру супоришҳои дирекутори муассиса муҳтарама н.и.т. Ашуриён Ш. С. дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи “Рӯзи модар” ва гиромидошти эҳтирому эътибори бонувону модарон санаи 4 – уми март чорабинии идона бо иштироки тамоми кормандону омӯзгорони коллеҷ ва меҳмонон ботантана таҷлил гардид. Чорабинии идона бо омадани “Модар” оғоз гардид. Дар раванди чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорон қиссаҳо, шеъру сурудҳои дилнишин, пандҳои модар ва навозишҳои ширини модар пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки саропо аз меҳру вафодорӣ нисбат ба меҳани аҷдодӣ ва аргузори ба Зан-модар буд, ба кормандзанони соҳа ва омӯзгорони собиқадорону меҳмонон рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Баъдан сухан ба директори Коллеҷ муҳтарама Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дода шуд. Муҳтарама Шаҳло Сайфуллозода суханронӣ намуда, тамоми кормандону омӯзгорон ва дар шахсияти онҳо ҳар як занону духтарони мамлакатро ба “Рӯзи модарон” табрику муборакбод намуда, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ, хонаи ободу осмони соф ва дар иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавию кору фаъолияташон муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно намуда, қайд намуданд: “Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми Модар баробар ва ҳамрадиф, донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Таваҷҷуҳи сатҳи олии кишвар ба масъалаи баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа, ба вазифаҳои роҳбариву давлатӣ ҷалб намудани бонувони фаъолу пешоҳанги ҷумҳурӣ боиси сарфарозӣ мебошад, ки ин нуқтаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш иброз доштанд: “Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем”. Ҳамин аст, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд”. Инчунин қайд намуданд: –Модар дар тарбияи ахлоқии фарзанд нақши муҳим мебозад. Зеро ба қавли Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо, ношукру носипосонро ба фурӯтаниву шикастанафсӣ роҳнамун месозад”. Мавсуф баъд аз суханронӣ, якчанд омӯзгорзанони фаъолу собиқадорро бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд гардониданд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи дастаи ҳаваскорони “Шифобахш” барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ доир карда шуд. Мавсуф баъд аз суханронӣ, якчанд омӯзгорзанони фаъолу собиқадорро бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд гардониданд. Зиҳӣ зани тоҷик, ки имрӯз баробари мардон дар тамоми соҳаҳои ҷомеа фаъолият дориву пирӯзӣ насибат гардид! Пеш 1 то 34 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан