Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН

Модар – бузургтарин неъмати илоҳист!

Барои посдории қадру манзалати модар дар ҳама давру замон ҷашнвораҳо баргузор мегардиданд. Дар Иттиҳоди Шуравӣ 8 март ҳамчун рӯзи байналхалқии занон ҷашн гирифта мешуд. Баъди соҳибистиқлол гаштани давлати азизамон бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 таъғиротҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид шуд, ки тибқи он номгузории «Рӯзи байналхалқии занон» — ро ба Рӯзи модар иваз намуданд ва ин ҳам ба хотири  баланд бардоштани мавқеи зан-модар дар ҷомеа мебошад.

Ҳамчунин дар арафаи рӯзи 8 март ба муносибати модарон – бо ташаббуси мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.  Нисбати модарон ва занон чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ баргузор мегарданд. Мардон ва ҷавонон ба модарону бонувон туҳфаву гулдастаҳо тақдим мекунанд. Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарону бонувонро бо иди Рӯзи модар табрику муборакбод менамоянд.

8 март — тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи истироҳат муқарар шудааст, ки ин ҳам яке аз нишондиҳандаҳои қадру манзалати модар дар назди Ҳукумату давлат ба шумор меравад.

Дар ҳақиқат модар олиҳаи меҳру муҳаббат аст. Шахсиятҳои бузург ва шоирону нависандагон ба зан-модар китобу шеърҳои зиёде бахшидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат – Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки:

Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд

Аз ашъори Лоиқ ду мисра гуфтаниам, ки:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Боз як иқтибос аз ашъори шоири бузурги рус Некрасов меоварам, ки гуфтааст: “Мо хоҳар, бародар, ҳамсар ва падари худро дӯст медорем, вале дар азоб модари худро ба ёд меоварем”.

Ин суханҳо ва сатрҳо бори дигар собит месозанд, ки ҳаёти ҳар як инсон дар дасти модаре, ки бароямон наздиктарин ва азизтарин шахс маҳсуб меёбад – оғоз мегирад. Муҳаббат ва дуои модарон ба мо қувват мебахшанд ва кӯмак мекунанд, ки мо душвориҳоро ба осони паси сар гардонем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо як ҳисси эҳтироми хос тамоми бонувони муассиса ва ҷумҳуриамонро, ки бешубҳа модар маҳсуб меёбанд – бо иди фархундаи дар пешистода – Рӯзи Модарон табрик менамоям!

Бароятон аз самими қалб сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва хушбахтии оилавиро таманно дорам. Бигзор ҳаёт ба шумо танҳо лаҳзаҳои шодмонӣ, хушбахтӣ, табассуми фаровон ва табъи болида бахшад. Ташаккур ба шумо барои муҳаббат, фидокорӣ, шабҳои бехоби, ғамхорӣ ва меҳрубонӣ. Ба шумо умри дарозу бобаракат, саломатӣ, зиндадилӣ ва нерӯи тамомнашаванда орзумандам!

Директори МДТ
“Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
н.и.т. Ашуриён Ш.С.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.