Хабарҳо ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР Бо admin Охирин навсозӣ Mar 9, 2022 0 Санаи 09.03.2022С. дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш. С. ва нақша-чорабиниҳои Шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандону донишчӯён, маърифати шаҳрнишинии шаҳрвандон роҳ надодани фарҳангӣ ба миллати мо бегона ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористиву экстремистӣ дошта бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҷлисгоҳи бинои 2-юми муассиса вохӯрӣ ташкил карда шуд. Дар вохурӣ Саидзода Шуҳрат муовини Сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Набиев Достон – муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и ҶТ, Саидова М.М. – муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, намояндагони Шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон иштирок намуда суханронӣ намуданд. Инчунин деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, сарпарастони гурӯҳҳо ва теъдоди васеи донишҷӯён иштирок доштанд. Сараввал Саидов А.А. мутахассиси Шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон кори ҷаласаро оғоз намуда меҳмононро муаррифӣ намуда, Сухани навбатиро ба Обидов Достон дод. Обидов Д. атрофи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон суханронӣ намуд. Баъдан Саидзода Шуҳрат муовини Сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суханронӣ намуд. Мавсуф ба донишҷӯён атрофи масъалаҳои тероризму экстремизм маълумоти муфассал дода аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки аз худ маҳорати хуби хештаншиносӣ нишон дода бар зидди ҳамаи амалҳои номатлуби ҷомеа устуворона истодагарӣ намоянд. Инчунин муаллимаи азиз Саидова М. М. дар охир суханронӣ намуда, аз маърӯзаҳои дар боло қайд шуда, натиҷагирӣ намуданд. Сипас байни меҳмонону аҳли толор саволу ҷавоб атрофи масалаҳои ҷойдошта сурат гирифт. Пеш 1 то 7 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан