Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

РӮЗИ “ДАРҲОИ КУШОД” ВА ҶАЛБИ ДОВТАЛАБОН БА МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Тибқи дастуру супоришҳои директори Коллеҷ н.и.т. Ашуриён Ш. С ва нақша – чорабиниҳои коммисияи қабул барои соли таҳсили 2022-2023 бо мақсади шиносоии довталабон бо заминаи моддӣ-техникии  раванди таълим, аз ҷумла синфхонаю озмоишгоҳҳои замонавии ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ, марказҳои таълимӣ – табобатӣ ва истеҳсолӣ, марказҳои тестӣ, китобхонаи электронии пайваст бо шабакаи интернетии ҷаҳонӣ, иқтидори кадрӣ, робитаҳои байналмилалии муассиса бо донишкадаю донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва дигар шароитҳои таълим санаи 15-уми марти соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” рӯзи “Дарҳои кушод” эълон ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур хатмкунандагони (довталабони) муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзиданд.

Барои муаррифӣ намудани факултетҳо ва ихтисосҳои Коллеҷ аз ҷониби масъулони Коммисияи қабул 25 нафар роҳбалад аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон ва собиқадор омода гардидаанд. Ҳамасола чунин тадбир аз ҷониби роҳбарияти Коллеҷ роҳандозӣ карда мешавад ва мақсад аз ташкили чунин чорабинӣ дар он аст, ки Коллеҷ барои пиёда намудани сиёсати давлатӣ доир ба ҷалби ҷавонон ба касбҳои тиббию фарматсевтӣ  ва батадриҷ боло бурдани сатҳи рушди тиббию фарматсевтии кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Имсол низ ин кӯшиш амалӣ гардида, хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба Коллеҷ ташриф оварданд. Дар рафти вохӯриҳо маводи таблиғотӣ ва маълумотдиҳандаи зиёде, ки аз ҷониби Комиссияи қабули Коллеҷ омода шуда буданд, паҳн гардиданд.

Комиссияи қабули Коллеҷ аз ширкати довталабон дар рӯзи “Дарҳои кушод” изҳори сипос намуда, ҳамзамон ба тамоми хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар эълон медорад, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо тамоми имкониятҳои доштааш барои ҷалб ва қабули довталабон омода аст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.