Хабарҳо МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ТАҲТИ УНВОНИ “НАВРӮЗ-2022” Бо admin Охирин навсозӣ Mar 18, 2022 0 Бахшида ба истиқболи иди бузурги ниёгон – Наврӯзи хуҷастапай, бо ташаббуси роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Ш.С. ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷашнгирии идҳои баҳорӣ дар сатҳи зарурӣ дар Коллеҷ баргузории як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ карда шуд. Аз ҷумла мусобиқаи футбол миёни кормандону омӯзгорони муассиса. Санаи 9 марти соли ҷорӣ дар бинои асосии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” қуррапартоӣ баргузор шуд. Дар қуррапартоӣ муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба илм ва инноватсия Муминзода Ҷ.С., муовини директор оид ба корҳои хоҷагӣ ва маъмурӣ Мамурзода Д.М., сардорони дастаҳо аз ҷумлаи деканҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд. Ҳамагӣ дар мусобиқа 10 даста байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд. Санаи 14 март дар майдончаи варзишии бинои асосии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аввалин бозӣ миёни дастаҳои Фарматсевт, Гуманист, Сино ва Стоматолог гузашт. Сараввал дастаҳои Фарматсевт ва Гуманист бо натиҷаи 5:3, сипас дастаҳои Сино ва Стоматолог бо натиҷаи 11:4 қувваозмоӣ карданд. Бо гирифтани холҳои зиёд дастаи Сино мустақиман ба давраи нимниҳоӣ роҳ ёфтанд. Санаи 15 март дастаҳои Нейрон, Муҳофиз, Авангард, Морфолог, Биолог ва Ҷарроҳия қувваозмоӣ карданд. Дар натиҷа дастаҳои Нейрон, Морфолог ва Биолог ғолиб баромаданд. Санаи 16 март дар натиҷаи қувваозмоӣ байни дастаҳои Нейрон-Фарматсевт, Биолог-Морфолог, дастаҳои Нейрон, Фарматсевт ва Биолог ба давраи нимниҳоӣ роҳ ёфтанд. Санаи 17 март давраи нимниҳоии мусобиқа баргузор шуд. Сараввал дастаҳои Нейрон ва Биолог бозӣ намуда, дастаи Нейрон ҳарифони худро ба ҳисоби 3:0 шикаст доданд. Сипас дастаи Сино ва Фарматсевт бо натиҷаи 11:1 қувваозмоӣ карданд. Давраи ниҳоии бозӣ, барои дарёфти Ҷоми Коллеҷ бахшида ба Иди Наврӯз-2022, санаи 18 март баргузор хоҳад шуд. Тибқи нишондоди аъзои ҳакамон пешсафони мусобиқа дастаҳои Сино, аз ҷумлаи кормандони маъмурияти Муассиса ва дастаи Нейрон аз ҷумлаи омӯзгорони кафедраи асабшиносӣ ва тибби оилавии Коллеҷ мебошанд. Бозӣ дар фазои хуби дӯстона мегузарад ва кормандону омӯзгорон аз чунин ташаббускориҳо бениҳоят хушҳол буданд. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан