Муҳтарам меҳмонон, донишҷӯён ва устодони гиромиқадр!
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар арафаи истқболи санаҳои бузурги таърихӣ, аз ҷумла Рӯзи Президент, 26 – умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои олии ҶумҳурииТоҷикистон, ва яке аз меҳварҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон, ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи обӣ – барқии Роғун қарор дорад.
Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Ваҳдату ягонагии миллӣ, рушди ҳама соҳаҳои кишварамон беназир аст. Маҳз натиҷаи заҳмату талошҳои роҳбари давлатамон буд, ки мо халқи тоҷик ба чунин дастовардҳо ноил гаштем.
Имрӯз дар ҳама самтҳои мақсадҳои стратегии давлатӣ, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва озуқаворӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Ба нақша гирифтан ва дар амал тадбиқ намудани сохтмонҳои азими роҳҳои мошингарду оҳан, ки аҳамияти байнидавлатӣ доранд, иҷроиши нақшаю барномаҳои махсуси давлатии рушди боғу токпарварӣ ва чорвопарварӣ, сохтмони нерӯгоҳҳо ба он оварда расонид, ки сол аз сол сатҳи некӯаҳволии мардуми шарифи Тоҷикистон беҳтар гардад, сатҳи солимӣ ва дарозумрии аҳолӣ боло равад, нишондодҳои камбизоатӣ поён раванд ва дастурхони мардум аз нозу неъматҳои истеҳсолӣ ватанӣ ғанӣ гардад.
Пас аз пош хурдани давлати Шӯравӣ Тоҷикистони мо ба душвориҳои хеле гарони иқтисодӣ дучор гардид. Ба ин душвориҳо боз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ алангаи дигар рехт. Муҳтарам донишҷӯён Шумо ҳангоми омӯзиши фанни таърихи навини Тоҷикистон сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳое, ки он ба сари мардум овард омӯхтаед ва медонед. Ҳамчунин таърихи 27 соли Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шабакаҳои телевизион дар шакли филмҳои ҳуҷҷатӣ, дар маҷаллаҳои даврӣ дар суханрониҳои Пешвои миллат зимни вохӯриҳо ва суханрониҳояшон пайваста мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Мақсади ин такрор ба такрор ёдовар шудан ва омӯзиши таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он иборат аст, ки Шумо ҷавонони гиромиқадр ба қадри ин неъмату арзишҳои бузург ба монани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ бирасед, донед, ки онҳо барои халқи мо ба осонӣ ба даст наомадаанд. Барои ба ин рӯзҳо расидан ҳазорон ҷавонон дар роҳи мубориза бо душманони миллат ҷонфидо шуданд, ҳазорон фарзандон ятиму бепарастор гаштанд, садҳо ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон гуреза шуданд, садҳо оилаҳо бе хонаю дар монда буданд. Имрӯзҳо ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва ягонагии мамлакати мо тероризму экстремизми байналмилалӣ боз ҳам таҳдид менамояд ва хатари он аз солҳои пешин бузургтар аст. Надонистани ин ҳодисаҳо ва нодида гирифтани хатари экстремизми байналмиллалӣ боз метавонад ба сулҳу осоиштагии мардум халали ҷиддӣ ворид намояд.
Санаи 16 уми ноябри соли ҷорӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи обӣ барқии Роғун ба истифода дода мешавад. Ин як инқилобест дар роҳи амалишавии стратегияи давлатӣ оид ба истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисодии мамлакатамон. Ин дастовард ҳамчун иди миллӣ дар тамоми кишвари Тоҷикистони азизамон тантанавор истиқбол гирифта хоҳад шуд. Дар намоиши театрикунонидашуда, ки, бахшида ба истифода дода шудани агрегати якуми НОБ-и Роғун баргузор мегардад қариб 800 нафар донишҷӯён ва 100 нафар омӯзгорону кормандони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ низ фаъолона иштирок хоҳанд намуд, ки ин боиси ифтихору сарфарозии мо мебошад.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, Шумо меҳмонони гиромиқадр, донишҷӯёну омӯзгорони азиз ва дар симои Шумо тамоми мардуми зафарманди кишварамро бо ин иди зафар ва шодию сурур табрик менамоям, ва орзӯ менамоям, ки ҳамеша дар хонадони Шумо сулҳу осоиштагӣ, дар дилҳоятон равшанӣ ва гармӣ ба монанди нерӯи бузурги Роғун фароҳам бошад.
Хушбахту сарбаланд бошед!