Санаи 13 декабри соли 2018 дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 таҳти №801 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019», ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ дар бахши хонаводагӣ ва кадбонугӣ инчунин, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон озмуни фарҳангӣ-омӯзишии «Кошонаи зиндагӣ» ба ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар озмуни мазкур 7 нафар донишҷӯдухтар аз факултаҳои гуногун бо намоиши ҳунари баланди дӯзандагӣ, гулдузӣ, нақшбандӣ, хӯрокпазӣ ва оростани хони идона ширкат варзиданд. Маҳорати гулдухтаронро сардори Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шарифзода Наргис Достӣ ва муовини сардори шуъбаи мазкур Нурляминова Саида баҳогузорӣ намуданд.