МақолаҳоХабарҳо ЗАНОНУ ДУХТАРОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Бо admin Охирин навсозӣ Mar 26, 2022 0 Дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан тайи солҳои охир барои боло бурдани мақоми зан- модар бо ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат дар Чумҳурии Тоҷикистон шароитҳои арзандаву шоиста фароҳам оварда шуд. Ба ҳамин максад 3 – юми декабри соли 1999 Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ” Дар бораи баланд бардоштани макоми зан” ба имзо расид. Мувофиқи Фармони мазкур нақши занон дар ҷомеа аз оила сар карда, то вазорату корхонаҳои давлатӣ зиёдтар гардид . Боиси қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми январи соли ҷорӣ зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақши занон дар рушду шукуфоии мамлакат ва масъулиятшиносии онҳо изҳори андеша намуда, таъкид карданд, ки ” Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ гардонанд”. Сухани таъсирбахше, ки Пешвои миллат баҳри бонувон иброз доштанд: “То вақте ҳастам, сиёсати баланд бардоштани мақоми занонро дар ҷомеа дастгирӣ хоҳам кард . Ин сухане аст, ки бо шунидани он ҳар як бонуи кишвар хурсанду сарфароз гардида, кӯшиш мекунад бо фаъолияти пурсамари худ баҳри рушди Ватан саҳмгузор бошад. Баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон ва талқин намудани меҳанпарвариро вазифаи аввалиндарачаи худ шуморад . Пешвои муаззами миллат солҳои 2019 – 2021 – ро солҳои рушди деҳот , сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки ин иқдоми наҷиб албатта сабаби пешравии соҳаҳои гуногуни вобастаи деҳоти мамлакат мегардад. Пешвои миллат ба бисёре аз деҳаҳои кишвар сафар карда, биноҳои наву замонавӣ мактаб ва марказҳои саломатиро мавриди истифода қарор доданд. Таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои миллат ба чавондухтарон нигаронида шудааст, падару модарони онҳоро водор сохт, ки мухолифи ба донишгоҳҳо дохил шудани духтарон нагарданд. Инчунин дар Вилояти Суғд, н. Айнӣ, ҷ Урметан, д. Ревад шумораи духтарони донишҷӯшуда ба 20 нафар расид. Дар солҳои пеш аз ин деҳа ҳар сол 2 ё 3 нафар дар донишгоҳҳо таҳсил менамуданд . Хушбахтона дар солҳои охир сафи духтарони донишомӯз зиёд шуда, дар соли 2019 сафи онҳо ба 8 нафар, дар соли 2020 ба 10 нафар инчунин соли ҷорӣ ба 20 нафар расид . Сабабгори ҳамаи ин хушбахтиҳо сулҳу субот ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат мебошад . Чанд нафаре аз духтарони ин деҳот тариқи квотаи президентӣ ба донишгоҳ ройгон дохил шуданд. Бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми октябри соли равон курси омӯзишии навбатии сарварони ҷавон барои донишҷӯдухтарони болаёқат оғоз шуд, ки ин боз ҳам бештар мо занонро водор месозад, ки намунаву созандаи Ватани азизамон Точикистон бошем Мо чавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонем, ки рӯҳи абадзиндаи ачдодони худро аз хеш розӣ нигоҳ дорем . Мо кӯшиш мекунем, ки рӯз аз рӯз бо Тоҷикистон кашфиётҳои нави илмию техникӣ ба рушди босуботи Ватани азизамон – Точикистон саҳми худро гузорем. 0 Мубодила кардан