Хабарҳо ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Mar 26, 2022 0 Санаи 26 март, тибқи Нақша-чорабиниҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари муассиса, дар тамоми биноҳои таълимӣ бо ҷалби донишҷӯёни фориғ аз дарс ва омӯзгорон, шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Дар рафти шанбегӣ саҳни биноҳои таълимиро рӯбучин, ҷуйбору обравҳоро тоза ва алафҳои бегонаро аз атрофи гулу буттаҳо чида, симои муассиса ва дар ин масир, симои пойтахти маҳбубамон ободу зебо гардонида шуд. Лозим ба ёдоварист, ки иштирок дар чорабиниҳои дастаҷамъона, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, зебоипарастӣ ва ватандӯстиро дар донишҷӯён баланд мебардорад. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан