Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

СУМАНАК – ЗЕБИ БАҲОР АСТ

Суманак ширини ёр аст,
Суманак аҷаб нигор аст,
Суманак зеби баҳор аст,
Иди Наврӯзӣ муборак!

Суманак – таоми идонаи мардуми тоҷик, ки дар байни форсу пуштунҳо, узбеку қирғизҳо ва туркману озарбойҷониҳо васеъ паҳн шудааст, ба шумор меравад. Суманакро аз донаи сабзидаи гандум таёр мекунанд ва он ба рӯйхати “Ҳафт син”-и дастархони идонаи Наврӯзи аҷам шомил шудааст. Дар замонҳои қадим суманакро пеш аз оғози кишти баҳорӣ, ҳамчун таоми расмӣ тайёр мекарданд. Дар баробари ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, давлату Ҳукумат ва бевосита Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар – мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи суннатҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ саҳми бебаҳо ва калон гузоштанд. Таҷлили васеи иди Наврӯз ва пухтани Суманак низ аз зумраи анъанаҳои миллии мо мебошанд, ки аз нав эҳё ва ҳатто аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.

Роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва бевосита роҳбари Муассиса Ашуриён Ш.С. барои таҷдиди идҳои миллӣ ва суннатҳои ниёгон саҳмгузоранд. Дар робита бо ин, шоми 18 марти соли 2022 дар бинои асосии Коллеҷ, роҳбари муассиса бо як зумра омӯзгорзанони фаъоли Коллеҷ ба пухтани ин таоми идона оғоз карданд.

Баъди омода шудани ҳамаи маҳсулотҳои таом, бегоҳирӯзӣ сабзаҳои порашударо ба дег андохтанд, то чашми бегона набинад. Гуфтан ба маврид аст, ки ин ҳам як қисм аз суннатҳои мардумии мо мебошад, зеро дар қадим халқи мо чунин мепиндоштанд, ки агар касе то пухтани суманак маҳсулотҳои онро бинад, “пай” меафтад ё “чашм” мерасад. Баъд аз ин ба таги дег оташ афрӯхта, бонавбат дегро бо кафча ё кафгир кофтанд. Занҳои суманакпаз дар сари дег ва дар назди оташ нишаста то субҳи 19 март афсонагӯйӣ, чистонёбӣ ва сурудхонӣ карданд. Ақидае ҳаст, ки агар ҳар касе аз дӯстон ё ҳамсоягон, дар вақти пухтан ба назди деги суманак биёяд, бояд то пухтани суманак, яъне то ба саҳар ҳамроҳи пазандаҳо бошад. Ин суннати мардумӣ низ риоя шуд.

Субҳ, вақте суманак тайёр шуд, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёнро даъват карда, бо ҳамроҳии онҳо таҷлили фарорасии иди Наврӯз гузаронида шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.