Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАФТАИ ФАННӢ ДАР КАФЕДРАИ “АКУШЕРӢ ВА ГИНЕКОЛОГӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 29 – уми март мувофиқи нақша мизи мудаввар дар мавзӯи “Бемории сили узвҳои ҷинсии занона” бо роҳбарии омӯзгори кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ” Эсаналиева Ш. А бо гурӯҳи 406 КМД шуда гузашт. Ҳар сол 24 – уми март рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи бемории сил гузаронида мешавад. Дар ҷаҳон ҳар 4 сония ягон кас ба бемории сил гирифтор мешавад. Эҳтимоли ба бемории сил мубтало гаштани ҳар як шахс вуҷуд дорад, махсусан ҳангоми алоқаи мунтазам доштан бо бемори гирифтори сил. Сили гениталӣ ба таври дуввумин дар натиҷаи интиқолебии сироят аз лонаи аввалини иллатебӣ, бештар аз шушҳо, гоҳе аз рӯдаҳо инкишоф меебад, ки ба безуретии зан меоварад. Мақсад аз гузаронидани мизи мудаввар маълумоти донишҷӯенро дар бораи ин беморӣ пурра кардан буд, ба умеде, ки дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.