Хабарҳо ИҚДОМИ НИҲОЛҲШИНОНӢ Бо admin Охирин навсозӣ Mar 31, 2022 0 Санаи 31 марти соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари муассиса, барои татбиқи амалии фармоишҳои Раиси шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон, аз ҷониби бахши хоҷагидории Коллеҷ иқдоми ниҳолҳшинонӣ пеша карда шуд. Барои ин даҳҳо ниҳолҳои ҳамешасабзи арчаро оварда, кормандони хоҷагидорӣ бо як шавқу ҳаваси хос ба шинонидани онҳо оғоз намуданд. Бояд қайд кард, ки қисме аз ниҳолҳо ба ҷойҳои нав ва қисме аз онҳо ба ҷойи ниҳолҳои хушкшуда шинонда шуданд. Баъд аз шинонидани ниҳолҳо саҳни бинои таълимӣ ҳусни ҷолиб гирифт. Гуфтан ба маврид аст, ки иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумат ва давлат дар назди Роҳбарияти муассиса афзалиятнок буда, дар иҷроиши онҳо саҳми роҳбари муассиса н.и.т., Ашуриён Ш.С. аввалиндараҷа ва беандоза мебошад. Пеш 1 то 7 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан