Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРУЗӢ АЗ ТАРАФИ КАФЕДРАИ “ЗАБОНИ ТОҶИКӢ”

Имрӯз 04.04.2022с. тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия аз тарафи кафедраи забони тоҷикӣ ҷамъомади пагоҳирузӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад мудири кафедра Нажмуддинова С. бо ҳамроҳии донишҷүён аз ашъори шоир ва нависандагон дар васфи Ватан, модар, илм, маърифат, одобу ахлоқ ва идҳои баҳорӣ шеърҳо қироат намуданд. Баъдан Сардори Шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон Шаҳроми Зайниддин доир ба ҳурмату эҳтироми якдигар ва калонсолон, одоби суханронӣ, риояи интизоми меҳнат ва истифода набурдани телефони мобилӣ дар дохили бино ва раванди таълим тавсияҳо доданд. Дар охири ҷамъомад ҳозирин суруди миллиро бо овози зинда баланд қироат намуда, ба синфхонаҳо раҳсипор шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.