Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ БИНОИ ОСОИШГОҲИ ТАЪЛИМӢ-ТАҶРИБАВӢ ВА ФАРОҒАТИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 4-уми апрели соли 2022 баҳри санҷиши ҷараёни сохтмони бинои таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, воқеъ дар минтақаи Харангони ноҳияи Варзоб, тибқи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерал-майори адлия Воҳидзода Ҳ. ва Раиси ноҳияи Варзоб Шерализода М. ба бинои таълимӣ ташриф оварданд. Меҳмонони олиқадрро директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т., Ашуриён Ш.С. роҳбаладӣ намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии муҳассилини факултетҳои фарматсевтӣ, истироҳати кормандон ва фарзандони онҳо мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд. Осоишгоҳ аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, айни замон сохтмони он пурра ба анҷом расида, барои истифода омода аст.
Ҳамчунин дар осоишгоҳи мазкур “Маркази ташхисӣ-табобатӣ ва таълимӣ” ва маркази таълимӣ – истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш” фаъолият доранд. Дар саҳн ва боғи осоишгоҳ гулу гулбуттаҳо, растаниҳои шифобахш ва дарахтони мевадиҳанда аз ҷумла себ, олуча, шафтолу ва ғайра шинонида шудаанд, ки донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ-истеҳсолиро оид ба ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар ин ҷой мегузаронанд.
Дар анҷоми боздид, намояндагони Ҳукумат ба сохтмон баҳои баланд доданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.