Ҷамъомади пагоҳирузӣ аз тарафи кафедраи “Забони русӣ” Хабарҳо Бо admin Охирин навсозӣ Apr 5, 2022 0 Имрӯз 05.04.2022с. тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия аз тарафи кафедраи забони русӣ дар бинои 2-юми коллеҷ ҷамъомади пагоҳирузӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад мудири кафедра Салимов И. бо ҳамроҳии омӯзгорони кафедра дар бораи забони русӣ ва донистани он дар замони ҳозира маърӯза намуданд. Баъдан бо донишҷӯён аз забон ва адабиёти русс саволу ҷавобҳо сурат гирифт. Дар охири ҷамъомад ҳозирин суруди миллиро бо овози зинда баланд қироат намуда, ба синфхонаҳо раҳсипор шуданд. 0 Мубодила кардан