Вохӯрии омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ бо сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Санаи 7 феврали соли 2019 дар толори маҷлиси Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» вохӯрии омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ бо сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим, сардори Хадамоти кор бо ноболиғони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе – Иброҳимзода Иброҳим ва мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино – Суфизода Давлат баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур дар атрофи мавзӯъҳои ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои терорристию иртиҷоӣ ва ҳамзамон оиди иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ карда шуд.