Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Семинар оиди истифодабарии дурусти таҷҳизоти тиббӣ

Бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01. Соли 2019, № 34 бо мақсади омӯзонидани мутахассисони соҳаи тиб ҷиҳати истифодабарӣ ва нигоҳдории профилактикии таҷҳизотҳои тиббӣ дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ санаи 1 феврали соли 2019 семинари омӯзишӣ доир ба мавзӯи ″Омӯзонидани мутахассисони соҳаи тиб, ҷиҳати истифодабарӣ ва нигоҳдории профилактикии таҷҳизотҳои тиббӣ″ , бо ҷалби коршиносони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҷаноби Манабу Ооучи гузаронида шуд.

Дар семинари мазкур омӯзгорони кафедраи ″Технологияи информатсионӣ ва тиббӣ″, кафедраи ″Кори ҳамширагӣ″, кафедраи ″Момодоягӣ″ ва донишҷӯёнӣ ихтисоси техника ва таҷҳизоти тиббӣ иштирок доштанд.

АРБОБОВ Х.М.
Мудири кафедраи
«Технологияи информатсионӣ ва тиббӣ»

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.