Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВОХӮРИ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ФАКУЛТЕТИ “КОРИ ФАРМАТСЕВТӢ”

Санаи 08.04.2022 с. дар маҷлисгоҳи бинои 2юми таълимӣ вобаста сафарбарнамудани донишҷӯёни хатмкунанда ба таҷрибаомузии қаблидипломӣ бо иштироки декани факултет Давлатов А.Т. муовини декани факулет Сангинов Ғ.Н. мудири шуъбаи таълими амалӣ Ризоев Ҳ.Р. ва донишҷӯёни факултети зикршуда вохӯрии судманд баргузор карда шуд.

Сараввал Ризоев Ҳ.Р. оиди тартиби баргузории таҷрибаомузӣ баромад намуда донишҷӯёнро бо тамоми тартиботу қоидаҳои ҷойдошта шинос намуданд. Ҳамчунин аз тамоми ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар давоми таҷрибаомузи хислатҳои ҳамидаи инсониро риоя намуда аз худ тарбияи воло нишон диҳанд. Чун аввалин шакли табобат ин сухани хуб мебошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.