Хабарҳо АКСИЯИ “САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН” ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 9, 2022 0 Санаи 09.04.2022с. тибқи дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва мактуби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар хобгоҳи Муассиса аксияи “Саҳми ман дар шаҳри ман” доир гардид. Аксияи мазкур бо мақсади саҳми арзанда гузоштан ба ободиву тозагии шаҳр ва муҳити атроф доир гардида, дар рафти он донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда гирду атрофи бинои хобгоҳро аз ҳар гуна ашёҳои нолозим тоза намуда, бехҳои дарахтонро нарм намуда, дар атрофи бино гулҳои мавсимӣ баҳри боз ҳам сарсабзу хуррам гардонидани шаҳри азизамон Душанбе шинониданд. Ин иқдом дар доираи хидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 марти соли 2022, №133 “Дар бораи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе” ба имзо расида буд, ки дар доираи он баргузории як қатор чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ ва ободониву созандагӣ зери шиори “Саҳми ман дар шаҳри ман” ба нақша гирифта шуда буд, амалӣ мегардад. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан