Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИДОМАИ СИЛСИЛАВОХӮРИҲО БО ДОНИШҶӮЁНИ ХАТМКУНАНДА

Санаи 13.04.2022 с. дар маҷлисгоҳи бинои 2юми таълимӣ вобаста сафарбарнамудани донишҷӯёни хатмкунанда ба таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ бо иштироки Давлатзода А.Д. муовини директор оид ба таълими амалӣ, Олимова Ш.Э декани факултетҳои “Кори тиббию ташхисӣ”, “Кори тиббию профилактикӣ”, “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, “Ташхис ва табобати нурӣ”, “Кори тибби-офиятӣ”, “Кори ҳамширагӣ дар косметология”, Ахмадзода М. декани факултети “Кори дандонсозӣ” Саидзода Х.Х муовини декани факултети “Кори табобатӣ”, Ризоев Ҳ.Р. мудири Шӯъбаи таълими амалӣ ва теъдоди зиёди донишҷӯёни факултетҳои зикршуда вохӯрии судманд баргузор карда шуд.

Сараввал Давлатзода А.Д. муовини директор оид ба таълими амали, оиди тартиби баргузории таҷрибаомӯзӣ баромад намуда донишҷӯёнро бо тамоми тартиботу қоидаҳои ҷойдошта ба мисли аз кадом сана то кадом сана гузаштани таҷрибаомӯзӣ шинос намуданд. Ҳамчунин иловатан аз тамоми ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар давоми таҷрибаомӯзи хислатҳои ҳамидаи инсониро риоя намуда аз худ тарбияи воло нишон диҳанд ва истифодаи муомилаи некро дар мадди авал гузошта сарфи тамоми нерӯи зеҳниву таҷрибавиро ба роҳ монанд. Чун аввалин шакли табобат ин сухани хуб ва баъдан донишу малакаи сатҳи зарурӣ мебошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.