Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРУЗӢ АЗ ТАРАФИ КАФЕДРАИ “ЗАБОНИ АНГЛИСӢ”

Имрӯз 13.04.2022с. тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия аз тарафи кафедраи “Забони англисӣ” дар бинои 2-юми коллеҷ ҷамъомади пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад бо иштироки мудири кафедра Раҳимзода Бахтовар, омӯзгори кафедра Сайитмедова С ва чанд нафар донишҷӯён оиди Рӯзи пойтахт ва Рӯзи кайҳонавардон маълумотҳо дода шуд.

Қайд карда шуд, ки дуст доштани Ватан аз имон аст ва тоза нигоҳ доштани он покизагии имон. Бояд ҳар шахси бофарҳанг барои тозагии гирду атрофи ҷои зисташ саҳмгузор бошад.

Дар охири ҷамъомад чун анъана ба хотири қадршиносӣ аз муқаддасоти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ суруди миллӣ бо овози зинда садо дода донишҷӯён ба синфхонаҳо раҳсипор гаштанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.