Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРУЗӢ АЗ ТАРАФИ КАФЕДРАИ “ЗАБОНӢ РУСӢ”

Имрӯз 14.04.2022с. тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия аз тарафи кафедраи “Забони русӣ” дар бинои 2-юми коллеҷ ҷамъомади пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад бо иштироки мудири кафедра Салимов И. омӯзгори кафедра ва чанд нафар донишҷӯён оиди китоб ва манфиатҳо аз мутолиаи он маълумотҳо дода шуд.

Қайд карда шуд, ки миллати тоҷик аз қадим китобдору китобхон буд, ва насли имрӯзро мебояд барои ояндаи худ ба домони китоб чанг зананд.

Дар охири ҷамъомад чун анъана ба хотири қадршиносӣ аз муқаддасоти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ суруди миллӣ бо овози зинда садо дода донишҷӯён ба синфхонаҳо раҳсипор гаштанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.